Хуҷанд

Оғози корҳои сохтмонӣ дар Қалъаи Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои бозсозии Қалъаи Хуҷанд шинос шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.

— Қалъаи Хуҷанд дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав барқарор гардида, чун мероси бузурги фарҳангу таърихӣ ҳифз карда мешавад,- афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадими шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти хизматӣ ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *