Оғози се лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

“Маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ афзалияти баландтарин барои Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мебошад”,- изҳор доштааст ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйерде зимни вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе.

Ба гуфтаи ӯ, имсол маблағгузорӣ ба се лоиҳаи нав дар бахшҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар назар аст.

“Барои кумак ба кишвар дар бунёди иқтисоди бештар фарогир (инклюзивӣ) ва устувор”,- иброз доштааст вай.

Ба ҷуз дидору гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон ва аъзои ҳукумат, Бйерде ҳамроҳи вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода аз ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон боздид намуда, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани низоми нави таъминот бо об иштирок карданд, ки дар доираи тадбиқи лоиҳаи “Таъминот бо об дар деҳот ва обпарто” таъмиру навсозӣ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *