Обрӯ аз заҳмат ёфтааст. Ба муносибати 80-солагии Сайдулло Хайруллоев

Санаи 10-уми августи соли 2025 фарзанди шарифи Тоҷикистон, ходими намоёни сиёсию ҷамъиятӣ, дипломати варзида ва соҳибтаҷрибаи ҷумҳурӣ, раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ба синни мубораки 80 қадам мегузоранд.

Сайдулло Хайруллоев аз нахустин раисони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мардум ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ҳамеша чун роҳбари ғамхору пуртаҷриба ва сиёсатмадори шинохта ёдоварӣ мекунанд.

Сайдулло Хайруллоев панҷ даъват вакили парлумон ва дар ду даъват раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Коршиносони масоили сиёсӣ ӯро шахсияти нотакрор номидаанд. Сайдулло Хайруллоев шахсиятест, ки дар кураи зиндагӣ обутоб ёфта, дар тамоми кору вазифаҳои масъулу баландпоя таҷриба андӯхта, заркору гавҳаршинос, инсони поку комил гардидааст.

Маҳз ҳамин таҷрибаи зиёду ғании Сайдулло Хайруллоевро дар арсаи сиёсат ба эътибор гирифта, соли 2010 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба поён ёфтани ваколати вакилии ин чеҳраи муҳими сиёсӣ чунин таъкид карда буд: «Мо аз хизматҳои Сайдулло Хайруллоев дар муҳити сиёсии мамлакат самимона қадрдонӣ менамоем ва дар оянда низ аз таҷрибаи ин чеҳраи сиёсӣ барои наслҳои минбаъда истифода хоҳем кард».

Ҳамин таҷрибаи баланди корӣ буд, ки имрӯз Сайдулло Хайруллоев маҳбуби дилҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа гардида, ҳатто дар солҳои бознишастагиаш низ раёсати яке аз идораҳои муҳими давлатиро бар уҳда дорад. Ӯ яке аз чеҳраҳои тобони олами сиёсат дар кишварамон ба ҳисоб меравад.

Сайдулло Хайруллоев то омаданаш ба парлумон обутоби сиёсӣ ёфта буд. Таҷриба ва фаъолияти пурсамари ӯ барои насли имрӯза ва ояндаи кишвар мактаби бузурги омӯзиш аст. Номбурда ҳоло ҳам нисбат ба худ ва онҳое, ки ӯро дар муҳити кор иҳота кардаанд, серталаб аст. Таҷрибаи бузурги ҳаётӣ ва кордонӣ ба ӯ имкон медиҳад, ки гиреҳи ҳама гуна мушкилотро ба осонӣ кушояд.

Маданияти баланди сарварӣ, инсондӯстӣ, меҳрубонӣ, софдилӣ, хушмуомилагӣ, самимӣ будан аз ҷумлаи хислатҳое мебошанд, ки Сайдулло Хайруллоевро инсони маҳбуб гардонидаанд. Ӯ нисбат ба мутахассисони ҷавон бо ҳисси меҳрубонӣ ва ғамхорӣ муносибат намуда, дар симои онҳо кадрҳои болаёқати ояндаро мебинад.

Сайдулло Хайруллоев дар Маҷлиси намояндагон тавонист як мактаби камолоти бузурги зиндагиро ба вуҷуд оварад, ки дигарон метавонанд аз ин мактаб баҳра баранд. Дар давраи сарварии ӯ Маҷлиси намояндагон чун мақоми олии қонунбарор, дар ҳақиқат яке аз ғанитарин сарчашмаҳои қонунгузорӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Таносуб ва ҳамоҳангсозии кори бахшҳои гуногун дар он ба қадре дақиқ поярезӣ шудаанд, ки дар маҷмуъ, як пойгоҳи устувори ҳуқуқӣ ва таърихи комилеро дар танзими паҳлуҳои гуногуни ҳаёти инсон ва тадбири умури зиндагӣ ба вуҷуд оварда тавонистааст.

Сайдулло Хайруллоев аз ҷумлаи он забардастонест, ки барои халқу ватанаш софдилона ва фидокорона хизмат кардааст. Адолатпешагиро шиори кору зиндагияш қарор додааст.

Сайдулло Хайруллоев хислатҳои наҷиби ҷавонмардиро аз падари бузургвораш омӯхтааст. Шодравон бобои Хайруллоро то кунун мардуми деҳаи Муллобадалва шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт бо эҳтиром ба ёд меоранд. Эшон, ки хизматчӣ буданд, аз зумраи он шахсиятҳои таърихие ба ҳисоб мерафтанд, ки дар сохтани мактабҳову ободонии чанд ҷамоати деҳот ва кушодани роҳҳои мошингарди ин мавзеъҳо саҳми арзанда гузошта буданд.

Бешак ин шахсияти сиёсӣ аз ҷумлаи он абармардонест, ки саропо дорои ифтихори миллии тоҷикона буда, тамоми ақлу дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худро сарфи шукуфоии кишвари азизамон кардааст. Зиндагиномаи ӯ ҳамчун шахсияти барҷаста саропо намунаи ибрат буда, омӯхтанист.

Давоми чанд соли охир ба ҳайси раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар таҳкими дӯстии байни қавму миллатҳо ва тақвияти фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ саҳми арзанда дорад.

Таъсиси зиёда аз 25 ҷамъияти дӯстии дар назди Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ амалкунанда, мулоқоту вохӯриҳои ҳаррӯза бо сафирони кишварҳои хориҷӣ, чеҳраҳои намоёни фарҳангии кишварҳои гуногун, олимону ходимони барҷастаи соҳаҳои мухталифи мамолики ҷаҳон нишонаи соҳиби эҳтиром будан ва маҳбубият доштани Сайдулло Хайруллоев дар дохил ва ҳатто хориҷ аз кишвар аст.

Сайдулло Хайруллоев давоми фаъолияти чандинсолаи худ дар соҳаҳои гуногуни кишвар, бахусус дар бахши таҳкими сулҳу субот нақши муассир дорад. Соҳаи сиёсиву фарҳангии мамлакатро бидуни хидматҳои арзандаи эшон наметавон тасаввур кард. Нашри китобҳову асарҳо ва мақолаҳои сершумори ӯ илму маориф ва фарҳанги мамлакатро ғанитар кардаанд.

Ҳар ҳамватани мо аз заҳмату талошҳои ин шахсияти сиёсиву фарҳангӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷумҳуриамон ба хубӣ огоҳанд ва номи пурарзиши эшон дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун фарзанди фарзона ва ходими барҷаста абадан сабт хоҳад шуд.

Ин шабу рӯзҳо фарзанди шарифи Тоҷикистон, сиёсатмадори бузург, ходими намоёни сиёсию ҷамъиятӣ, арбоби барҷастаи сиёсиву фарҳангӣ, дипломати варзида ва соҳибтаҷрибаи ҷумҳурӣ, нахустраиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси хирадманду накӯкор, пири батадбир, яке аз муборизони фаъоли сулҳу ваҳдати миллӣ, раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, инсони комил, шахсияти хидматкарда ба Ватан ва маҳбуби ҳамагон ба синни мубораки 80-солагӣ медароянд.

Дар ин санаи муборак ба муҳтарам Сайдулло Хайруллоев сиҳатмандӣ, хуррамиву сабзии рӯзгор, пешрафту шукуфоӣ, баракати умр ва зиндагии хушу хуррамро таманно менамоем.

 Файзулло ТИЛЛОЕВ,

мудири шуъбаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *