“Одина Ҳошим дигар аст”- китоби нави Гурез Сафар

Китоби нави Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар бо номи “Одина Ҳошим дигар аст” рӯи чоп омад. Китоб тариқи нашриёти “Ирфон” бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расидааст.

Ин маҷмуа аз як очерк ва чанде аз хотирот, ҳикоёт ва шеъру рубоиҳои устод Гурез Сафар мураттаб гардидааст, ки бо мутолиаи он симои Ҳофизи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ шодравон Одина Ҳошим чун хунёгари асил, инсони наҷибу заҳматкаш, некӯкору хоксор ва хизматгору маҳбуби халқ пеши назари хонанда ҷилва мекунад. Як хотира аз ин китоб манзури шумо мегардад.

ЯК ПАНДИ УСТОД ОДИНА ҲОШИМ

Устод Одина Ҳошим ҳар гоҳе Душанбе меомад, ҳатман вақт ёфта, Иттифоқи нависандагон, нашриётҳо, баъзе рӯзномаву маҷаллаҳо, радио ва телевизион, хулоса, ҳар куҷое аҳли сухан буд, медаромаду эшонро зиёрат мекард, бо онҳо суҳбат мекард – албатта, бештар аз боби шеъру сухан, думра дар даст барояшон суруд мехонд.

Нашриёти “Адиб” ҳам зуд-зуд меомад ва бо адибон – кормандони он устодон Қутбӣ Киром, Кароматуллоҳи Мирзо, Саидалӣ Маъмур, Баҳром Фирӯз, Низом Қосим, Алӣ Бобоҷон, Ҳайрат Шанбезода, Ҳоҷӣ Мурод, Муҳтарам Ҳотам, Одина Мирак, Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ, Раҷаб Мардон… суҳбат меорост. Ва чун садои думра ва овозу лаҳни ширинаш ба атроф танин меандохт, Басир Расо, Мирзо Файзалӣ ва Буҳрон Ғанӣ – кормандони маҷаллаи “Хорпуштак” ҳам, ки дар як ҳавлӣ, дар ҳамсоягии мо кору эҷод мекарданд, пайдо мешуданд. Ин нишастҳо камаш як-ду соат идома меёфтанд ва ман, ки корманди ҷавони ҳамин нашриёт будам, ҳамаро медидаму аз базми устоду суҳбати адибон, хусусан, аз суҳбатҳои устод Қутбӣ Киром, ки як умр ташнаи сухани воло ва шефтаву шайдои ҳунари Одина Ҳошим буд, бисёр лаззат мебурдам.

Баҳори соли 1989 буд.

Як бегоҳ, ки рӯзи корӣ қариб ба анҷом мерасид, устод Одина Ҳошим саросема омаду маро гирифта, ба як маърака бурд, ки ҳамроҳаш мусиқӣ навозам. Дар он маърака дигар сарояндагон низ иштирок доштанд, вале ду навбати дурударози аввалу охири базм аз устод Одина Ҳошим буд ва ман ҳамроҳаш бо ифтихор, бо тамоми дилу ҷон аккордеон менавохтаму айни замон аз базмаш ҳаловат мебурдам. Ҳама рақсу бозиву хурсандии умумро тамошо мекард, вале ман дида аз устод намекандам: ҳам барои он, ки дар навозиш ҷое ғалат накунам, то устод наранҷад ва ҳам барои он ки, агарчи ин сурудҳоро ҳазорборӣ шунидаам, боз дар назарам ҷилваи нав мекарданд онҳо. Ана, ҳамин сон дилбастаи овози устод будаму дӯст медоштам ҳунари овозхонии ӯро ва то охирин нафасашон эҳтиромашон дар дили ман хона дошт.

Баъди анҷоми маърака, ки соат қариб 12-и шаб шуда буд, ҳарду ба мошини ман нишастем.

– Куҷо ҳай кунам, устод?,- пурсидам аз ӯ ва дарҳол илова кардам,- шумо ин ҷо меҳмонед, биёед, шабро дар хонаи ман рӯз мекунеду пагоҳ аз пайи коратон мешавед.

– Гурезмад,- каме андеша карда, нохост гуфт устод.- Биё, маро хонаам бибар (ноҳияи Маскавро дар назар дошт ӯ). Маро мерасониву Кӯлоб рафта, падари бузурворатро як хабар мегирӣ, баъд гашта меоӣ.

Ҳарчанд хоҳиши устод бароям ғайричашмдошт буд, заррае дудила нашуда, дарҳол мошинро ба ҳаракат даровардаму ҳарду роҳи ноҳияи Маскав (ҳоло Ҳамадонӣ)-ро пеш гирифтем.

Ҳаво ҷое майда-майда мебориду ҷое соф буд. Роҳ каммошин. Ҳарчанд устод хеле хаста мунамуд (фақат ин бор не, як умр, ки дар хизмати мардум буд, гоҳ дар консерту гоҳ дар тӯй, гоҳ ин ҷову гоҳ он ҷо, гоҳ шабу гоҳ рӯз, гоҳ андаку гоҳ зиёд барояшон суруд мехонд, мерафту меомад, меомаду мерафт, хобу фароғати бисёр кам дошт ва доим хаста менамуд), гоҳ-гоҳ бо ман суҳбат менамуд. Пай мебурдам, ки чандон хуши суҳбат кардан надораду гоҳе ба хотири кӯтоҳ шудани роҳ, гоҳе ба хотире, ки маро мабодо хоб барад ва гоҳо чизи ҷолибе ба ёдаш мерасиду беихтиёр онро нақл мекард.

Дар ҷое дар бораи худаш нақли мухтасаре кард:

“Гурезмад, маро падарам дар бачагиям чунин насиҳат карда буд: Одинааҳмад, бачам, агар аз таҳи дил биқапӣ, ҳофизи хуб мешай, аз таҳи дил нақапидӣ, ҳеҷчӣ намешай. Ман насиҳати падарро ба гӯш гирифтаму аз таҳи дил кӯшидам, ки санъаткори хуб шавам. Чунин обрӯву эҳтироми мардум, чунин унвонҳову бологузар шуданҳо дар хаёлу хотири ман набуд, вале насиҳати падару иҷрои онро зинҳор фаромӯш накарда, аз таҳи дил, ки кӯшидам, ба ин мартабаҳо расидам”.

– Ана, ту ҳам,- ҳикояташро ба анҷом расонида, рӯ ба ман овард устод,- агар аз таҳи дил кӯшиш кунӣ, мисли падари бузургворат адиби маъруф ва шахсияти шинохта мешавӣ.

Ман низ ин панди устод Одина Ҳошимро зинҳор аз гӯш бадар накарда, фақат дар эҷод не, ба ҳар коре, ки даст мезадам, онро аз таҳи дил, ба қавле, ҳалолу дилсӯзона ба анҷом мерасонидам.

Агарчи ба пояи падари бузурворам расидан осон нест (ӯ шахсияти худодод буд ва на танҳо ман, балки бисёриҳо ба пояи устод Ашӯр Сафар расиданро орзу мекарданду мекунанд), вале то ҳанӯз панди устод Одина Ҳошим дар гӯшам садо медиҳад.

Гурез САФАР,

Нависандаи халқии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *