Олим Салимзода бо Питер Буриан мулоқот намуд

Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии доимии худро дар назди Иттиҳоди Аврупо соли 2001 ифтитоҳ намуда, Комиссияи Аврупо қарори кушодашавии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 2004 қабул намуд. Соли 2005 вазифаи намояндаи махсус оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфт.

Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, Олим Салимзода бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан ва ҳамроҳони ӯ бо хоҳиши онҳо мулоқот намуд. Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба сомонаи “Тajikistantimes” иттилоъ дод.

Дар ҷараёни мулоқот Олим Салимзода иброз намуд, ки аз замони барқарор шудани робитаҳо, муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо густариш ёфта, ҳамкориҳои гуногунҷабҳа рӯ ба таҳким ниҳоданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии доимии худро дар назди Иттиҳоди Аврупо соли 2001 ифтитоҳ намуда, Комиссияи Аврупо қарори кушодашавии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 2004 қабул намуд. Соли 2005 вазифаи намояндаи махсус оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфт.

Тақвияти равобити сиёсӣ дар сатҳҳои гуногун ва мубодилаи боздидҳои расмии сатҳи олӣ ва баланд, ки мунтазам ва бо самар сурат мегиранд, шаҳодати вусъати ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мебошад. Дар ин росто сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи Иттиҳоди Аврупоро бояд махсус зикр кард.

Олим Салимзода ҳамчунин афзуд, ки Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро ба сифати шарики муҳими байналмилалии худ, ки пайваста ба ислоҳоти демократӣ дар кишвар, волоияти қонун, ҳуқуқи инсон, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои авлавиятноки иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ ва тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, идоракунии захираҳои об, энергетика, идораи сарҳад ва мубориза бо гардиши ғайри қонунии маводди мухаддир ва ба ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат менамояд, арзёбӣ мекунад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо ин сохтори бонуфузи байналмилалӣ ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд дошта бошад.

Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз абзорҳои муҳими танзимкунандаи муносибатҳои бо субот ва доманадори Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба шумор рафта, сатҳ ва мундариҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро муайян мекунанд.

Ҳар сол,- таъкид намуд Олим Салимзода, — мунтазам миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо вохӯриҳои дуҷониба ва минтақавӣ дар сатҳи баланд, аз қабили Шӯрои ҳамкорӣ, кумитаи ҳамкорӣ, кумитаи ҳамкории парлумонӣ, муколама оид ба ҳуқуқи инсон, муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният   баргузор мегарданд.

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мушкилоти амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавиро хуб дарк мекунанд. Дар ин чаҳорчӯ ба барномаҳои Иттиҳоди Аврупо, аз қабили BOMCA ва CADAP ба рушди институтсионалӣ ва мудирияти марзҳо мусоидат менамоянд.

Тоҷикистон суръати татбиқи мусоидати молиявии Иттиҳоди Аврупоро, ки дар доираи барномаи индикативии бисёрсола амалӣ мегардад, хуб арзёбӣ мекунад. Баъзе бастаҳои ин кумак аллакай ба барномаҳои мушаххас ва дастгирии буҷавӣ дар се самти босамари ҳамкорӣ — тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот ҷудо карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузор намудани ин мулоқот  пайдо намудани роҳҳои нави густариши ҳамкориҳои  дуҷонибаи парлумонӣ,  дар ҳамаи сатҳҳо ва самтҳҳо мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *