Омодагии Тоҷикистону Корея барои таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим зимни мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея оид ба масъалаҳои иқтисодӣ баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, ҷонибҳо доир ба тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар мубодилаи афкор намуда, омодагии худро барои таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз”, “Иқтисоди рақамӣ”, таъсиси “Паркҳои технологӣ” ва “Технологияҳои рақамӣ”, “Содагардонии расмиёти савдо” ва ҷорӣ намудани Низоми “Савдои электронӣ”  баён намудаанд.

— Зикр шуд, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳар ду давлат ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Корея дар соли 2021 то ба 40,9 млн долларро ташкил медиҳад,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.