Операторони бесалоҳият. Онҳо муштариёнро сарсону саргардон мекунанд

Рўзи 17-уми сентябри соли равон дар терминали рақами 331807, ки дар саҳни Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон воқеъ аст, иштибоҳан ба телефони рақами 988 93 00 01 сӣ сомонӣ пул гузаронидам. Пас аз пардохти маблағ фаҳмидам, ки рақами телефон хато шудааст ва ман бояд маблағи зикршударо ба рақами 93 419-18-01 пардохт менамудам.

Барои ислоҳи ин хатоӣ ва интиқоли маблағ ба талефони зарурӣ тавассути Интернет ба Маркази хизматрасонии ширкати «Tcell» тамос гирифта, хоҳиш кардам, ки кумак расонанд, чунки солҳои пеш ҳамин хел тартибот ҷорӣ шуда буд.

— Шумо ба шахси мутасаддии терминали рақами 331807 муроҷиат кунед, он кас мушкилатонро осон мекунад,- маслиҳат дод корманди маркази зикршуда, ки Комрон ном дошт.

Тибқи машварати оператор рўзи 19-уми сентябр ба телефони 98-888-61-61, ки дар пештоқи терминал сабт шуда буд, занг задем ва гўширо хонуме бардошт. Вай аз асли воқеа огоҳ шуда, чунин посух дод:

— Шумо рақамҳои зиёдро хато кардаед. Агар хатоӣ аз се рақам зиёд бошад, дар ин ҳолат мо хизмат расонида наметавонем. Беҳтараш ба оператори ширкати «Вавилон» занг занед.

Аз ҷавобҳои соддалавҳонаи оператори мазкур ҳайрон шуда, аз вай рақами телефони роҳбарашро пурсидем, то ки бо кумаки он кас мушкилотамонро ҳал намоем.

— Ҳеҷ мумкин нест, ман телефони роҳбарро ба ҳеҷ ваҷҳ гуфта наметавонам,- бо исрор таъкид намуд оператор.

Маълум буд, ки ин хонум ба муштариён гуфтани телефони роҳбарашро «сирри тиҷоратӣ» гумон карда, ифшои онро амали номуносиб медонад.

Аз кумакрасонии терминал умедамонро канда, худи ҳамон рўз (19-уми сентябр) соати 15:20 ба оператори «Вавилон» занг задем, чунки маблағ ба ҳамон ширкат пардохт шуда буд. Оператор маслиҳат дод, ки такроран ба масъулини терминал муроҷиат намоем.

Ёдовар мешавем, ки ширкатҳои мобилӣ доираи васеи одамонро фаро гирифтаанд. Мувофиқи маълумоти мақомоти омор, дар соли 2020 ширкати «Tcell» ба 2 632 593 нафар, ширкати «Вавилон-мобайл» бошад, ба 1 168 923 нафар шаҳвандони Тоҷикистон хизмат расонидаанд. Аз ин нигоҳ, хизматрасонӣ ба муштариён бояд дар мадди назари кормандони онҳо бошад.

Имрўзҳо бисёр терминалҳое, ки ба мисли замбурӯғи баъди борон пайдо шуда, дар ҳар кўчаву паскўча насб гардидаанд, маблағи зиёд қабул менамоянду мизоҷонро фиреб медиҳанд. Масалан, ҳамон терминали №331807 бо вуҷуди ёддошти «0 фоиз» доштанаш, аз муштариён фоизи иловагӣ мегирад ва шумораи чунин терминалҳо кам нестанд.

Ҳамин тавр, ҳамаи тараддуду талошҳоямон бенатиҷа монданду корамон барор нагирифт. Бо вуҷуди ин ҳама сарсониву телефонбозиҳо ва тамосҳои интернетӣ маблағи пардохтаамонро мақсаднок истифода бурда натавонистем.

Операторони бесалоҳият, бюрократияи байниширкатӣ ва бепарвоии шахсони масъул моро хеле сарсону саргардон намуд.

Акнун умедамон ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аст, ки мушкилоти мо барин шаҳрвандонро аз минбари баланди матбуот ба роҳбарони муассисаҳои мазкур ёдрас карда, аз онҳо беҳтар намудани сатҳи хизматрасониро талаб менамояд.

Ғафури ИСКОДАРӢ, сокини шаҳри Душанбе

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.