Осебдидагони ҷанги қирғиз. Кай онҳо соҳиби хона мешаванд?

Аз қазияи хунине, ки ахиран дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, дар баробари фавтидан ва захмӣ шудани даҳҳо нафар ба сокинони марз хисороти зиёд расид. Даҳҳо хона валангор шуд. Мавсими сармо омад. Сокинони зарардида чӣ ҳол дошта бошанд? Оё онҳо бо манзили зист таъмин шуданд?

Сафар САЙВАЛИЕВ, нафақагир

Аз пайи мактуби хонанда “Тоҷикистон” бо мақомоти вилояти Суғд дар тамос шуд. Аз мақомоти вилоят хабар доданд, ки сохтмони хонаю иншооти осебдида дар марз бар асари зарбаи ахири неруҳои Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

“Сохтмони манзилҳое, ки дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар ҷамоатҳои Чоркуҳ, Сурх, Чилгазӣ ва Лаккони шаҳри Исфара тахриб шуда буданд, рӯзҳои наздик анҷом меёбанд”,- хабар медиҳад мудири Идораи сохтмони МИҲД-и вилояти Суғд ва ҳамчунин муовини сардори Ситоди бартарафкунии паёмадҳои муноқишаи марзӣ дар шаҳри Исфара.

Ба гуфтаи ӯ, корҳои сохтмонии беш аз 20 манзили истиқоматӣ, ки аз сифр шуруъ шуда буд, то 80% ба анҷом расонида шудааст.

«Сохтмончиҳо ҳоло ба рангуборкунӣ дар ин иншоот машғуланд. Рӯзҳои наздик ҳамаи корҳо ба иҷро расонида шуда, ин хонаҳо ба соҳибонашон супорида хоҳанд шуд”,- афзуд Муҳаммадзода.

Ӯ гуфт, ки масолеҳи зарурӣ пурра дастрас мебошад.

Ҳамчунин, манбаъ хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ  корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ Қалъача бомаром идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки бар асари даргирии марзии рӯзҳои 14-16-уми сентябр 96 ҳолати оташгирии хонаҳои истиқоматӣ ва иморату иншооти ҷамъиятӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов сабт шудааст, ки зарари он беш аз 32,6 млн сомониро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *