Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Аз ҳодиса то шарҳи мақомот

Рӯзи 3-юми феврал дар зиндони шаҳри Ваҳдат гурӯҳи маҳбусон бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю буранда ба зиндонбонҳо ҳамла карданд.
Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, ки ҳадафи ҳамлагарон «қатлу фирор» будааст. Дар ин бора хабаргузории «Ховар» бо такя ба маркази матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия хабар додааст.
Бар пояи изҳороти расмӣ, дар натиҷаи ҳамла се корманди зиндон ҷароҳатҳои вазнин бардошта, посбонҳо маҷбур шудаанд аз силоҳи оташфишон истифода баранд.

«Дар натиҷа, се ҳамлагар безарар ва боқимонда дастгир карда шуданд»,- омадааст дар гузориши мақомот.

Аммо то ҳол ҷузъиёти пурраи ин ҳодиса, аз ҷумла теъдоди дақиқи иштирокчиёни ҳамла, шахсияти онҳо ва чӣ гуна зиндонӣ шуданашон расман эълон нашудааст.
Шаш сол пеш ҳам дар зиндони Ваҳдат ошӯбе сар зада буд. Дар натиҷаи он се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд. Он замон мақомот гуфта буд, ки исёнро аъзои гурӯҳҳои тундрав ташкил кардаанд ва дертар созмони террористии ДОИШ масъулияти онро бар дӯш гирифт.

Инчунин, соли 2018 дар маҳбаси Хуҷанд ошӯб сар зад, ки 21 нафар қурбон шуданд.
Дар асоси маълумоти оморӣ, то моҳи январи 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 13 500 нафар маҳбус ва дар боздоштгоҳҳо зиёда аз 1300 кас нигаҳдорӣ мешуданд. Аз ин тақрибан 500 зан, 134 ноболиғ ва 244 шаҳрванди хориҷӣ мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *