Ошкор кардани як қатор ҷиноятҳои дуздӣ
Ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милитсияи кишвар якчанд ҷинояти дуздӣ ошкор гардидаанд.
Аз он ҷумла, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 16 ва 17-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд. Номбурдагон моҳи январи соли 2022 ҳангоми дар кӯчаи Навобод қарор доштанашон бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 73-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 23 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 26-солаи сокини шаҳри Конибодом, ки бо моддаҳои 244 ва 165-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда шудааст. Ӯ 15-уми феврали соли 2023 тахминан соати 10:00 дар назди замини наздиҳавлигии марди 61-солаи сокини ин шаҳр қарор доштанаш 3 сар говро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 17 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, номбурда бо ҳамин тарз 23-юми феврали соли 2023 тахминан соати 10:00 аз заминҳои саҳроии ҷамоати деҳоти Фирӯзобаи ҳамин шаҳр 4 сар говро, ки ба марди 30-солаи сокини шаҳри Конибодом тааллуқ дошта, арзишашон 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда шудааст. Номбурда аввалҳои моҳи ноябри соли 2022 тахминан соати 13:40 дақиқа бо роҳи пинҳонӣ ба утоқи кории марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо 2 ҳазор сомонӣ ва 25-уми январи солаи 2023 тахминан соати 13:40 дақиқа 4 ҳазору 900 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ