Ошкори 495 ҳодисаи ҷодугарӣ ва фолбинӣ дар 6 моҳ
Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар Тоҷикистон 495 ҳодисаи ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст.
Бояд гуфт, ки барои машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ дар Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Ба онҳое, ки маротибаи аввал ба даст меафтанд, тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима ба маблағи аз 6000 то 7500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то 15 рӯз таҳдид менамояд.
Барои такрори қонуншиканӣ ё вазнинтар эътироф шудани амалу кирдор тибқи моддаи 240.1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад.
Тибқи он ҷарима ба маблағи аз 112 500 то 150 000 сомонӣ ё ҳатто маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ