Овоза ва ҳақиқат: Рондани гурезаҳои афғон аз Тоҷикистон

Абдулмусавир Баҳодурӣ, намояндаи гурезаҳои Афғонистон дар Тоҷикистон аз рафтор ва шеваи зиндагии бархе аз муҳоҷирони афғон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ мегӯяд, ки гуруҳе аз муҳоҷирони афғон қавонини будубошро дар  қаламрави Тоҷикистон вайрон мекунанд. Мақомоти тоҷик маҳз нисбати онҳо чораҳои қонунӣ дидаанд. Оё онҳо депорт ё иҷборан аз Тоҷикистон берун карда шудаанд?

Ривоҷи таблетка дар Ваҳдат

Баҳодурӣ аз ҳар иқдоме, ки мақомоти Тоҷикистон нисбат ба гурезаҳои афғон анҷом медиҳанд, ҷонибдор аст. “Одамони ангуштшуморе буданд, ки ман минҳайси масъули муҳоҷирин аз онҳо розӣ нестам. Ҳар иқдоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро ҷонибдорам. Инро ба чанд далел мегӯям. Ҳар кишваре меравем, фикр мекунем, ки аз худамон аст. Тақрибан 30 сол мешавад, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ дорам. Бовар кунед, аксари муҳоҷирони афғон, ки солҳо инҷо ҳастанд, аз қонуну қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон огоҳӣ доранд. Аммо афғонҳое, ки нав омадаанд, хусусан бачаҳои ҷавон, ё огоҳӣ надоранд, ё аслан аз худ рафтаанд. Ҳатто, бархе аз Канада сарпарастиву маблағгузорӣ мешаванд. Аслан, дар Тоҷикистон таблетка чист, намефаҳманд. Содда карда гӯем, онро “бомба” мефаҳманд. Аммо муҳоҷирони афғон, махсусан дар шаҳри Ваҳдат таблеткаро ривоҷ доданд. Вақте ки таблеткаро мехӯред, пиёну мадҳуш мекунад. Афғонро меқапанд, дар як кисааш таблетка ва дар кисаи дигараш ҳуҷҷати гуреза дорад. Ҳатто афғонро меқапанд, ки дар кисааш банг дорад ё вақти муқаррарӣ дар хонааш нест. Чандин бор хоҳиш кардем, онҳое, ки дар ҷойи истиқомат ба қайд гирифта шудаанд, ҳамонҷо зиндагӣ кунанд. Вақте ки субҳ мебароянд, бояд 8-и бегоҳ дар хоаашон бошанд. Новобаста аз он, ки дар куҷо зиндагӣ мекунанд, ин ҳатмӣ аст. Вале бархе гурезаи афғонро мебинед, ки дар Ваҳдат ҷойи истиқомат дорад, аммо соати 12-и шаб дар маркази шаҳри Душанбе сурати селфӣ карда гаштааст. Магар ин барои муҳоҷир зеб дорад? Ватанаш имрӯз дар чӣ ҳол аст, инҷо бошад, сурати селфӣ мегирад!”,- изҳори нигаронӣ кард Баҳодурӣ дар суҳбат бо Pressa.tj.

Афғонҳо аз Тоҷикистон депорт шуданд?

Қаблан дар расонаҳо хабаре нашр шуд, ки Тоҷикистон гурезаҳои афғонро аз хокаш берун мекунад. Воқеият чӣ тавр аст? Баҳодурӣ дар посух ба ин савол гуфт, ҳамагӣ 2 нафар афғонро медонад, ки аз қаламрави Тоҷикистон ба Канада рафтаанд.

“Ба Худо қасам, мисли Тоҷикистон ягон кишвари дигар ба муҳоҷир чунин ғамхорӣ намекунад. Дар як даҳлез, ошёнаи дуюм, прокурори тоҷик зиндагӣ мекунад, дар ошёнаи дигар ё хонаи паҳлуяш афғон. Ё дар як даҳлез вакили парлумон зиндагӣ мекунад, дар қабати ӯ афғон. Дур намеравем, ҳоло ҷое, ки мо нишастаем, хонаи паҳлуи дигарамон мансабдори тоҷик зиндагӣ мекунад. Дар Амрикову Аврупо чунин нест! Агар донанд, ки дар назди хонаи мансабдор гурезаи кишваре зиндагӣ мекунад, намемонанд. Таъмини амният дар ҷои аввал меистад”,- изҳор дошт Баҳодурӣ.

Аз даъво то шароити гурезаҳо

Ба андешаи Баҳодурӣ, “баъзе гурезаҳои мо даъво мекунанд, ки Покистон 5 миллион гурезаи афғонро ҷой додааст, чизе намегӯянд ку. Аммо фаромӯш кардаанд, ки онҳо дар чӯлу биёбон макон  гирифтаанд. Баъзан дар ҷойҳое, ки гурезаҳои Афғонистон дар Покистон зиндагӣ мекунанд, ҳайвонро бандед, намеистад. Аммо Тоҷикистон гуфтааст, ки дар куҷо зиндагӣ кунанд? Не! Бовар кунед, ҳоло дар Ваҳдат афғонҳо зиндагӣ доранд, мисли Душанбе поку тамоми шароит барояшон муҳайёст”.

Ҳоло гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон аз бисёр имкониятҳо бархӯрдоранд. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимӣ баробари шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақи таҳсил ва пардохти маблағро доранд. Аммо ба шарте, ки ҳуҷҷати гурезагиро бо худ дошта бошанд. Ҳатто, дар як мактабе дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки гурезаҳои афғон таълим мегиранд, бо хӯроки ройгон таъмин шудаанд.

Ҷарима кардем, на депорт!

Соли равон 29 шаҳрванди Афғонистон бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон ҷарима шудаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Pressa.tj иттилоъ доданд.

“Ин шаҳрвандон асосан қоидаҳои будубошро вайрон кардаанд. Масалан, дар чанд суроға ба қайд мегиранд, аммо дар як суроға зиндагӣ мекунанд. Нисбаташон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ шуданд”,- гуфтанд аз вазорат.

Ба таъкиди манбаъ, дар соли равон ягон ҳолати иҷборан аз Тоҷикистон баровардани шаҳрвандони Афғонистон ба қайд гирифта нашудааст. Аммо дар расонаҳо хабаре паҳн шуд, ки Тоҷикистон муҳоҷирони афғонро аз хоки кишвари худ депорт ё иҷборан берун карда истодааст. Ахиран Фарҳоди Дарё, овозхони шуҳратёри Афғонистон бо як номаи саркушода ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардааст, ки монеи идомаи ихроҷи паноҳҷӯёни афғон аз кишвараш шавад.

“Хабари ин ки Шумо муҳоҷирини афғонро аз хоки меҳмонпарвари Тоҷикистон ихроҷ мекунед, барои ман ва мардуми Афғонистон такондиҳанда ва ғайри қобили бовар буд… Чашми умеди ҳазорон инсони навмед ба сӯи Шумост, то дар ин маврид таҷдиди назар намуда ва барои муддате дигар ҳам мизбони ин паноҳҷӯёни беошёна бошед”,- навиштааст Фарҳоди Дарё дар номааш ба Президенти Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти Баҳодурӣ, айни замон 9 000 гурезаи афғон дар Тоҷикистон паноҳандагӣ гирифтаанд. Онҳо асосан дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҷаббор Расулов зиндагӣ карда истодаанд.

У. РАҲИМЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.