Оё аз баландшавии нархҳо ҳаросидан лозим аст?
Ҳар як кӯшиши бозбинӣ кардани нархҳои алоқаи мобилӣ ба тундбоди навиштаҳои ғазабнок дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва нашрҳои сершумор дар ВАО боис мешавад. Аммо дар хулосабарорӣ оё шитоб кардан лозим аст, ки ширкатҳои телекоммуникатсионӣ нархҳоро бе асосҳои ҷиддӣ тағйир медиҳанд ва оё зарур аст, ки ба ин мавзӯъ чунин таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад? Ҳаракат мекунем, ки ҳолатҳои баландкунии нархҳоро дар солҳои гузашта ба хотир оварда, ба ин савол ҷавоб гӯем.
Якум дарсе, ки таърих медиҳад: то чӣ андоза пардохти абонентӣ зиёд мешавад? Ба ҳисоби миёна, сухан дар бораи тахминан 10 сомонӣ меравад. Дар як моҳ. Як пиёла қаҳва 25-30 сомонӣ арзиш дорад. Яъне дар се моҳ муштариро зарур меояд, ки ба нархи пешина арзиши як пиёла қаҳваро илова кунад. Лекин вақте операторон пардохти абонентиро дар ҳаҷми начандон назаррас бардоштанӣ мешаванд, лентаҳои хабарҳо бо сарлавҳаҳои ваҳмангез пур мешаванд. Ва мухолифони баландбардории нархҳо метавонанд ҳатто якчанд пиёла қаҳваро нӯшида, аз он шикоят кунанд, ки намехоҳанд барои алоқа, ки аз он бе танаффус истифода мебаранд, ҳамагӣ 10 сомонӣ зиёдтар пардохт намоянд.
Дуюм: тағйирот на ҳамеша дар ҳамаи тарофаҳо ба амал бароварда мешаванд. Асосан шартҳои танҳо тарофаҳои архивие бозбинӣ карда мешаванд, ки аллакай барои пайвасткунӣ дастнорасанд. Дар баробари ин, операторон кӯшиш мекунанд, ки нороҳатии баамаломадаро ҷуброн намуда, ҳаҷми хизматрасониҳои тарофа – масалан, трафики интернет ё миқдори дақиқаҳоро зиёд намоянд.
Ва сеюм: арзиши тарофаҳои мобилӣ назар ба оне, ки таварруми ҳарсола ва шароитҳои дигари берунӣ тақозо мекунанд, хеле кам тағйир меёбанд. Нархи таҷҳизоти алоқаи аз хориҷа воридшаванда доимо дар афзоиш аст. Нархи нерӯи барқ, ки шабакаҳои операторон аз ҳисоби онҳо кор мекунанд, пайваста боло меравад. Дар баробари ин, арзиши иҷораи биноҳову қитъаҳое, ки дар онҳо алоқачиён таҷҳизотро насб менамоянд, оромона ва бе назорат зиёд мешавад – вале ин ба қаҳру ғазаби мардум ва пайдошавии сарлавҳаҳои пурғулғула дар хабарҳо сабаб намешавад. Ба ҳар ҳол хароҷоти ширкат барои нигоҳубини инфрасохтор ҳар сол меафзояд. Лекин нархҳо танҳо як маротиба дар ду сол ё аз он ҳам камтар мавриди бозбинӣ карор дода мешаванд.
Э ҳа: агар операторон нархи аслии хизматрасониҳои худро баланд бардошта, минбаъд ба рушди шабакаҳо, такмили сифати хизматрасониҳо маблағи камтар сарф карданӣ шаванд, метавонед … сари як пиёла қаҳва нишаста боз норозигиатонро баён намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ