“Ҳозирҷавоб” Мирсаидов дастгир шудааст

Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») аз рӯзи 5-уми декабр ба ин тараф дар боздоштгоҳ  аст.

Мирсаидов дар робита ба баҳси сарфу харҷи пули ҳукумати вилояти Суғд барои ҳунарнамоии тими ҳозирҷавобон дастгир шудааст.Рӯзи 8-уми декабр мӯҳлати 72 соати боздошти ӯ анҷом меёбад ва тафтишот бояд бигӯяд, ки ӯро озод мекунад ё ба унвони гумонбари нақзи қонун дар боздошт нигоҳ медорад.Хайрулло Мирсаидов ҳоло дар СИЗО — боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ мешавад.Падари Хайрулло — Ҳабибулло Мирсаидов  гуфтааст, ки писарашро рӯзи 5-уми декабр ба прокуратураи Суғд даъват карда, дар ҳамон ҷо боздошт кардаанд. Хайрулло Мирсаидов дар СИЗО-1 нигаҳдорӣ мешавад ва пайвандонаш ӯро аз ҳамон замон надидаанд. Падар гуфтааст, ки барои писар як вакили дифоъ гирифтаанд ва сари вақт ғизову либос мебаранд. Ӯ мегӯяд, прокуратураи вилояти Суғд нисбат ба писараш бо гумони «истифодаи ғайриҳадафмандонаи маблағҳо» парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ҳоло аъзои дастаи ҳозирҷавобонро ба бозпурсиҳо даъват кардаанд.Хайрулло Мирсаидов 39 сол дошта, дар гузашта ба ҳайси хабарнигори оҷонсии «Азия-Плюс» ва «Мавҷи Олмон» кор кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *