Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар вилояти Суғд

Дар тарабхонаи «Яккасарой»-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин озмун ғолибони даври аввал аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи бахшҳои гуногун ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ гуфта мешавад.

Ғолибони озмуни мазкур аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Гулистон ва шаҳри Бӯстон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *