Озод шудани бародари Ҳоҷӣ Ҳалим пас аз якуним соли ҳабс

Бародари Абдуҳалим Назаров маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим Салим Назаров пас аз якуним соли ҳабс озод шудааст. Бояд гуфт бародари Ҳоҷӣ Ҳалим пас аз се моҳи ошӯби Назарзода боздошт шуда буд.

Ӯ бародари шашуми Ҳоҷӣ Ҳалим мебошад. Салим Назаров дар пайи ошуби мусаллаҳона, ки ба гуфтаи мақомот онро Ҳоҷӣ Ҳалим сарварӣ мекард, барои ҳамдастӣ бо бародараш дасгир шуд.   Баъди он ки мақомот гуфтанд, дар ошуби моҳи сентябр Ҳоҷӣ Ҳалим ва гурӯҳаш даст доранд, хешовандони ӯро боздошт ва ҳабс карданд.

Дар ин амалиёт 14 корманди интизомӣ кушта шуд. Ҳоҷӣ Ҳалим, ки ба дараи Ромит фирор карда буд, зимни амалиёти мақомот кушта шуд.

Мақомоти тафтишотӣ бародари ӯро ба хотири ин ки аз ошӯби бародараш Ҳоҷӣ Ҳалим хабар надошта ва ҳамдаст набуда, озод кардаанд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.