Озорбойҷон: ду мулоқоти сафири Тоҷикистон

Душанбе, 13 октябр, tajikistantimes.t

11 октябри соли 2017 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба хамкориҳои иқтисодию-тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон Шоҳин Мустафоев, баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро  дар соҳаҳои иқтисодию тиҷортӣ, наклиётиву транзитӣ, хатсайрҳои ҳавоӣ, гидроэнергетикӣ, металургӣ ва сармоягузориро ба таври муфассал муҳокима намуда, баҳри амалӣ намудани онҳо чораҳои мушаххасро муайян намуданд. 

Рӯзи дигар, 12 октябри Рустам Солӣ бо Вазири маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон Микоил Ҷаббаров мулоқот орост.Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тарафайнро дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар рафти суҳбат М. Ҷаббаров қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи ҷудо намудани чор бурсияро барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар макотиби олии Ҷумҳурии Озарбойҷонро эълон кард.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо, ҷиҳати таъсис додани Ассотсиатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Озарбойҷон барои табодули таҷриба, муаллимон, тадқиқотчиён ва донишҷӯёни ду кишвар тавоффуқ намуданд.

Укрепляются таджикско-азербайджанские связи

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *