Пардохти сиёҳ кардани тирезаҳои мошин бекор мешавад (аудио)

Аз 1 июли соли равон пардохти сиёҳ кардани тирезаҳои паҳлӯи мошин бекор карда мешавад. Ин на дар Тоҷикистон, балки дар Ӯзбекистон аст.

 Бино ба иттилои «Овози Самарқанд», пардохти пурра сиёҳ кардани тирезаҳои пеш ва қафо то 6 маротиба кам карда мешавад. Тартиби назорати техникии маҷбурӣ барои автомобилҳое, ки ба истеҳсолашон 10 сол пур нашудааст, бекор карда мешавад.

Акнун мошинҳои аз 10 то 15-сол дошта дар ду сол ва мошинҳои аз 15-сола боло як маротиба аз ташхис гузаронида мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.