Пас аз 47 соли зиндон. Миралӣ ба Ватан бармегардад…

Ҷамшед Саидалиев, як блогери тоҷик рӯзи 31-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси марди солхӯрдаеро нашр кард ва хабар дод, ки ин мард тоҷик аст ва баъди 47 соли дар зиндон адои ҳукм кардан ба тозагӣ аз маҳбаси Новосибирски Русия озод шудааст.

Гуфта шуд, ки ин мард Саидов Миралӣ ном дошта, ба гуфтаи худаш, аз деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ будааст ва бори аввал 47 сол қабл, яъне соли 1977, ки ҳанӯз СССР побарҷо буду Тоҷикистон як қисми он буд, зиндонӣ шудааст.

Дар санаде, ки аз маҳбаси Новосибирск барояш додаанд, навишта шудааст, ки ӯ Саидов Миралӣ ном дошта, суроғааш деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеи Тоҷикистон аст.

Худи Саидов Миралӣ дар бораи дар Қурбоншаҳид то ҳол будани хешовандонаш ягон маълумот надоштааст. Ин ҳам маълум нест, ки ӯ чанд бор ва бо кадом ҷурмҳо зиндонӣ шудааст, ки 47 соли умраш, яъне аксари зиндагиаш дар паси панҷара гузаштааст.

Баъди чанд рӯзи нашри ин навор хешу табори Саидов Миралӣ пайдо шудаанд. Онҳо гуфтаанд, ки омодаанд ӯро дар Тоҷикистон пешвоз гирифта, ба хонаи падариаш баранд.

Аммо яке аз хешовандони Миралӣ мегӯяд, ки Саидов Миралӣ на соли 1977, балки соли 1986, яъне 38 сол қабл ба Русия рафта буд.

Як ҷияни ин мард ба блогер Исмоил Тоҷик гуфтааст, ки номи аслии амакаш Маҳсиддин Саидов аст.

Ҷияни Маҳсиддин мегӯяд: “Амакам дар вақташ бо лақаби Маҳсиддини Сашка машҳур будааст. Ман ӯро ягон бор надидаам, вале мегуфтанд, ки гӯштини самбо машқ мекардааст ва аз бачаҳои зӯри замони худ ба шумор мерафтааст. Падарам мегуфт, ки Маҳсиддин соли 1986, вақте ки 22 сол дошт ва падарам он вақт 16 сол доштааст, ба Русия рафта, баъди чанде барои одамкушӣ зиндон шудааст. Ӯ як дафъа соли 2010 аз зиндон баромад ва бо мо тамос гирифт. Аксҳояшро ҳам фиристода буд. Мо пешниҳодаш кардем, ки баргардад, вале гуфт, санадҳояшро бояд дуруст кунад. Бо ҳамин ғайб зад ва баъди 14 соли дигар, яъне соли 2024 пайдо шуд”.

Ҷиянаш мегӯяд:

“Дар ин байн бобову момоямон ва аз ду додари амаки Маҳсиддин якеаш аз дунё рафтанд. Дар ин байн чанд бор маъракаҳои оши худоии ӯро ҳам додем. Як ё якуним моҳ пеш аз ҷамоат ба мо боз хабари мурдаашро оварданд. Мо барои хотирҷамъӣ боз худоияшро додем”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *