Пешрафти рақамисозӣ. Пайвасти 45 мақоми давлатӣ ба eHukumat.tj
Бо мақсади рушди ҳукумати электронӣ ва таъмини шаффофият дар хизматрасониҳои давлатӣ, портали ягонаи давлатӣ – eHukumat.tj ҳамчун инфрасохтори ягонаи шабакавии иттилоотию коммуникатсионӣ фаъолият мекунад. Айни замон, сомонаҳои 45 мақомоти давлатӣ ба ин платформа пайваст карда шудаанд.
Дар ин бора Хуршед Мирзо, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади пешниҳоди рақамии хизматрасониҳои давлатӣ, низоми ҳамгироии иттилоотии байниидоравӣ таҳия шуда, дар заминаи он портали ягонаи хизматрасониҳо – khizmat.ehukumat.tj амал мекунад.
Инчунин, бо ҷалби мутахассисони соҳаи барномасозӣ, дар идораҳо низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ низ татбиқ карда шудааст, ки ба суръатбахшии коргузорӣ ва кам шудани қоғазбозӣ мусоидат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ