Пешвотарошӣ. Мардум хизматгори раисонанд ё баръакс?

Ахиран, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешвози пурдабдабаи раиси  ноҳияи Рӯшон аз ҷониби сокинон ҳангоми ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ баҳсҳои зиёдро ба миён овард. Дар чанд акс ва наворе, ки дар саҳифаи ҳукумати ноҳияи Рӯшони ВМКБ дар Facebook нашр шуд, дида мешавад, ки сокинони деҳаи Бардараи водии Бартанги ин ноҳия, раисро бо нону намак, шеъру сурудхонӣ,  рақсу дафкӯбӣ пешвоз мегиранд. Бисёриҳо бо тамасхур навиштанд, ки амали раис як навъ тақлид ба Сарвари кишвар аст ва  масали  “аспро наъл карданд, қурбоққа ҳам пой бардошт”-ро ба ёд меовард.

Раисро чӣ гуна пешвоз гирифтанд?

Бино ба иттилои ҳукумати ноҳияи Рӯшон, раиси ноҳия Додхудо Фаррух барои ба истифода додани хатти оби 220 метрӣ ба ин деҳа омадааст ва сокинони деҳа аз раис ва ҳамроҳонаш чунин пешвоз гирифтаанд. Дар видео ва аксҳое, ки аз сафари раиси Рӯшон ба Бардараи Бартанг нашр шудааст,  дида мешавад, ки духтарони ҷавон бо либоси миллӣ ва нону намак  аз раиси ноҳия истиқбол мекунанд. Дар ин аксҳо ҳатто мебинед, ки бархе кӯдакон ҳам дар  назди раис ва ҳайати ҳамроҳонашон рост истода онњоро бо нону намак пешвоз мегиранд ва сурудхонӣ мекунанд. Ҳатто дар видео, ки аз ин сафар нашр шудааст, мебинед, ки ҳофизони маҳаллӣ бо асбобҳои мусиқӣ, дар наздикии саргаҳи ҷое, ки об омадааст, шеъри дар Бадахшон маъруфи “Шоњи мо омаде, подшоњи мо омаде”-ро мехонанд. Раиси ноҳия бошад, дар баробари онҳо рост истодаю хушҳолӣ дорад.

Бино ба иттилои мақомоти ноҳия, 30-юми июн дар деҳаи Бардараи водии дурдасти Бартанг як хатти оби нӯшокии 220 метрӣ бо маблағгузории Раёсати Шветсария дар масоили рушд ба истифода дода шуд, ки сокинони ин деҳа аз норасоии об солҳои тӯлонӣ танқисӣ мекашидаанд. Дар расми ифтитоҳи ин хатти об, раиси ноҳияи Рӯшон  Додхудо Фаррух, раиси Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи Кӯҳистони Бунёди Оқохон дар ВМКБ Хуҷамёр Хумориков ширкат кардаанд. Иттилоъ дода шудааст, маблағи масрафшуда дар ин лоиҳа 500818,39 сомонӣ аз ҳисоби маблағгузор ва 130676,03 саҳми ҷомеа будааст.

Ҳамчунин, бо дастгирии раёсати мазкур ва ҷонибдории Пружаи Оқохон чунин хатти об бо дарозии умумии 14337 метр, бо маблаги 781,0066 сомонӣ кумак ва 263,326 сомонӣ саҳми чомеа дар деҳаи Дашти Ҷамоати Бартанг мавриди баҳрабардорӣ супурда шудааст.

Ҳукумати Рӯшон дар саҳфааш навишт, ки “сокинони ин деҳаҳо миннатдории бепоёни худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раёсати Шветсария, Барномаи марбутаи Бунёди Оқохон дар вилоят барои чунин ғамхориҳо баён намуданд”.

Айб дар ош аст ё  дар мош?

Ин шеваи истиқболи пуршукуҳи раиси ноҳияи Рӯшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ  миёни корбарон баҳсҳои зиёдро ба миён овард.  Бахтовари Усмон, як фаъоли шабакаи иҷтимоии Facebook чунин навишт: “Аслан мо набояд ҳукуматдоронро танқид кунем,чун айб дар худи мост. Мо худ хушомадгӯем, ин хислат ҳамчун вабо дар тамоми кишвар хуруҷ кардаву майнаҳои мардумро хароб кардаву қалбҳоро нотавон карда истодааст. Агар ҳамин пешвозгириҳои серхарҷ ва нолозим бардошта мешуд ва тамоми вазифадорони давлатӣ ҳангоми сафар бештар аз паси кор мешуданд, хубтар мешуд. Чунки ин пешвозгириҳо метавонад психологияи зиёди мақомдоронро тағйир диҳад ва ба олами такаббур барад. Мо худ бо тавсифу хушомадҳои нолозим,бештари  вазифадоронро водор месозем,ки онҳо қарздор неву мо назди онҳо қарздорем”. Дар ин росто, Сабоҳат Сафарзода, корбари дигари шабакаи иҷтимоӣ мегӯяд, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ғуломӣ, поймол кардани шарафу номусу иззати инсон аз тарафи ташкилкунандагони чунин чорабиниҳост. “Хуб мешуд, насли ҷавонро ба хондану омӯхтан ҷалб кунем.Ояндаи рӯшан ин донишомӯзию маърифатомузӣ аст, на ин ки ҷавононро ба чунин ҷамъомадҳои пучу бемантиқ ҷалб кардан”- бо нигаронӣ мегӯяд номбурда.

Воқеан, дар Тоҷикистон маъмулан, зимни сафарҳои Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ин гуна пешвозҳои пурдабдаба  ва шеъру сурудхонӣ роҳандозӣ мегардад. Аммо зарурияти пешвози гарми дигар раисони ноҳия дар чист? Магар ин ба шахспарастӣ ва тақлид ба роҳбари аввал нест?

Ёд дорем, дар гузашта  ҳам чанд мавриди ин гуна пешвоз аз раисони вилоятҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқоди сахти корбаронро ба вуҷуд оварда буд. Чанд сол қабл  ифтитоҳи  дорухонаи байторӣ дар ноҳияи Темурмалик пурсарусадотарин мавзӯи шабакаҳои иҷтимоӣ гардида буд. Дар аксҳое, ки аз маросими мазкур расонаӣ шуданд, дида мешуд, ки  раиси ноҳияи Темурмалик Фотеҳ Аминзодаву ҳамроҳони палтопӯшашро дар фасли сармо духтарон бо пироҳани тунук пешвоз мегирифтанд. Ин аксҳо боиси танқиду истеҳзои корбарони шабакаҳо шуда буд…Ифтитоҳи як дорухонаро мақомоти маҳаллии ноҳияи мазкур ба мисли як иншооти стратегӣ ва маросими онро хеле бошукӯҳу шаҳомат баргузор намуданд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баъди дидани аксҳо рафтори мақомоти ноҳияи Темурмаликро “ҷабр ба духтарон”, “хушомадгӯӣ”, “сирояти шахспарастӣ дар сатҳҳои поён” ва “тақлид ба Президент ” номиданд.

Президент: Худнамоӣ бас аст!

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳост, ки аз шеваи пешвозгирии мақомдорон изҳори нигаронӣ мекунаду масъулинро сарзаниш. Президенти мамлакат  ҳамеша ба роҳбарон ишора карда, мегӯяд, ки “шумо хизматгори халқ ҳастед, на халқ хизматгори шумо. Бо халқ наздик бошед”.

Аммо бо вуҷуди ин,  солҳои охир пешвозҳои пурдабдаба, намоишҳои бемантиқ, маъракаҳои серхароҷот ба ҳукми анъана даромада, мардумро нигарон намудааст. Махсусан, ҷалби духтаронро дар ҳар чорабинии заруру нозарур фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳкум мекунанд.

Хулоса, бидуни сиёсат, бидуни назари Шарқӣ, бидуни одаму одамгарӣ… Биёед, ҳамаамон як маротиба фикр кунем, ки бо чунин раисону масъулини “дилсӯз”-у  “раҳмдил” ва “дар фикри мардум буда” мо ба куҷо равонем? Ин раис ва ин гуна раисҳо, ки Президенти кишвар тақдири як ноҳияро ба дасташон бовар карда супурдааст, дар фикри буридани лентаву шикастани кулча ҳастанд. Мо ба чунин “корнамо”-иҳои раисонамон ба насли нав чӣ медиҳем, онҳоро ба куҷо равон мекунем, ба  мардум аз будану набудани ин гуна раисон чӣ суд?

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *