Писарони раисону прокурорҳо. Фарзандони чанд мансабдор ба артиш рафтанд?

Дар даъвати ҳарбии тирамоҳии имсола 124 фарзандони мансабдорон ва хизматчиёни далватӣ ба артиш рафтаанд. Дар ин бора Прокуратураи генералии кишвар дар сомонааш хабар додааст.

Дар байни мансабдороне, ки писаронашон ба артиш рафтаанд, писари раисони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Рашт, Бохтар, сардори шуъбаи муҳосибот ва молияи Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Муъминобод ва прокурори ҳарбии гарнизони шаҳри Кӯлоб ном бурда мешаванд.

Ба иттилои Прокуратураи генералӣ ҳамагӣ то 30-юми октябри соли равон фарзандони 124 мансабдори давлатӣ ба артиш ҷалб шудаанд.

Манбаъ менависад, ки дар даъвати тирамоҳии соли 2021-ум 299 фарзандони мансабдорон ва дар даъвати баҳории соли равон 120 писарони мансабдорон ва хизматчиёни давлатӣ ба артиш рафтаанд, ки 19 нафари онҳо фарзандони кормандони прокуратура мебошанд.

“Илова бар ин, бо мусоидати кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҳарбии гарнизонҳо дар рафти маъракаҳои даъват баъзан шаҳрвандон ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозиру ба хизмати ҳарбӣ даъват ва ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар шудаанд”,- навиштааст манбаъ.

Ба навиштаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон, теъдоди шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд, сол то сол кам шуда, сафи шаҳрвандоне, ки хоҳиши ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан доранд, зиёд мешавад. Ҷавонон дар асоси даъватнома ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир шуда, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд.

Ҷалби 124 фарзандони мансабдорон ва хизматчиёни давлатӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳолест, ки қабл аз оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ба зердастони худ муроҷиат карда, таъкид намуд, ки аз даъвати иҷборӣ худдорӣ кунанд ва бештар фарзандони мансабдоронро ба сафи артиш ҷалб намоянд.

“Ҷалби фарзандони мансабдорон ба сафи Артиш эътимоди ҷомеаро ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар зиёд мекунад. Вақте фарзандони раиси деҳа, директори мактаб, раиси ноҳия, сардори милитсия, прокурор ва вазирон ба хизмати аскарӣ мераванд, мардум низ ба онҳо пайравӣ мекунанд. Агар сол ба сол сафи мансабдорон афзояд, ниёз ба облава ҳам намемонад”,- мегӯяд ҷомеашинос Гулрӯ Сулаймонова.

Қаблан коршиносон сабаби асосии гурез аз артишро ба хидмат ҷалб нашудани фарзандони мансабдорон унвон мекарданд.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳам хабар дода буд, ки бо гузашти як моҳи маъракаи даъвати ҳарбӣ нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар кишвар 70 дарсад иҷро шудааст.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шуруъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Д. ҚОДИРПУР

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.