Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО чӣ гуфт?

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж суханронӣ намуд. 

С.Муҳриддин дар оғози суханронии хеш ба Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле барои меҳмоннавозӣ ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани Конфронси генералии навбатии Созмон арзи сипос кард.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳамоиши мазкур барои омӯзиш, табодули таҷриба ва ҳамоҳангии талошу эҳтимоми муштараки ЮНЕСКО ва кишварҳои аъзои он ҷиҳати пешбурди ҳадафу вазифаҳои марбут ба ҳифзи арзишҳои миллӣ – фарҳангу забон, ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ, расму оини аҷдодӣ, рушди илму маориф ҳамчун платформаи муфид хизмат хоҳад намуд.  

Намояндаи кишвар ба мавзӯи мақому манзалати Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан дастовардҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии он дар тӯли Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, фаъолияти густурдаи мамлакат дар чаҳорчӯби ЮНЕСКО тариқи татбиқи лоиҳаву барномаҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг, илм ва маориф, саҳми Тоҷикистон дар ҳифзу тарғиби  мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ва табиӣ, ҳамкории ҳадафнок ба хотири таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори тамоми давлатҳои дунё тавассути шарикии муассир дар доираи ваколати ЮНЕСКО тамаркуз кард. Таъкид гардид, ки ЮНЕСКО ягона ташкилотест, ки дар даврони барои ҷомеаи ҷаҳонӣ душвору печида ба ваҳдату ҳамбастагӣ тариқи фарҳанг, илм ва маориф фаъолона даъват ва иқдомҳои амалӣ менамояд.

С.Муҳриддин шомил будани мавзеи табиии “Боғи миллии Тоҷикистон”, шаҳраки қадимаи Саразм, мусиқии миллии “Шашмақом”, Рӯзи байналмилалии Наврӯз, таоми миллии “Оши палав” ва либоси миллии “Чакан” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО зикр кард.                                                                       

Ҳамзамон аз сатҳи баланди ҳамкориҳои кишвар бо ЮНЕСКО дар пасманзари ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан дар иртибот ба баргузории чорабинии бошукӯҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (14 октябри соли 2021) бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле, ҳамчунин Намоишгоҳи беназири нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и шаҳри Париж (аз 13 октябри соли 2021 то 10 январи соли 2022) изҳори хушию қаноатмандӣ карда шуд.          

Дар фарҷоми суханронӣ ҷониби Тоҷикистон дар мавриди нақши фаъоли кишвар дар ҷодаи пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар доираи низоми Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Барномаи байниҳукуматии гидрологии ЮНЕСКО, инчунин ҷиҳати дастгирии ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, эъломи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва аҳамияти мубрами таъсиси Хазинаи байналмилалии пиряхҳо изҳори ақида намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ бо ишора ба вазъи кунунии нигаронкунанда дар Афғонистон, пуштибонии Тоҷикистонро аз мавқеи ЮНЕСКО дар ҳифзу нигоҳдории мероси таърихӣ дар ин кишвар тазаккур дода, бори дигар муроҷиати Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама ба кишварҳои манфиатдор дар масъалаи ҳарчӣ зудтар расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистон тариқи созмонҳои байналмилалӣ таъкид намуд.

UNESCO-GA-JPG.jpg
UNESCO-GA-2.jpg

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *