Полковник Рачабзода

Полковник Раҷабзода дар роҳи ҳимояи марз ба ҳалокат расид

Сардори шуъбаи амнияти шаҳри Хоруғ, полковник Комрон Раҷабзода нагузошт сарҳадшиканон вориди кишвар шаванд ва худ ба ҳалокат расидааст.

Бино ба навиштаи рӯзномаи “Нигини Хоруғ” дар саҳифаи Фейсбук  дар такя ба изҳори ҳамдардии МИҲД -и шаҳри Хоруғ, шаби 28-уми апрел, зимни анҷом додани амалиëти махсус ва пешгирӣ намудани шикастани хати сарҳади давлатӣ хизматчии мақомоти амнияти миллӣ, сардори шуъбаи амнияти шаҳри Хоруғ, полковник Комрон Раҷабзода баҳри ҳимояи хоки Ватан ҷони худро қурбон намуд.

«Марги нобаҳангоми ин ҷавонмарди ҷавонмарг барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва сокинони он низ талафоти бузург аст, зеро саҳми марҳум дар таъмини амну субот ва осудагии сокинони шаҳр ниҳоят бузург буд…Хизматҳои наҷиби ин родмарди содиқи Ватан ҳамчун шоҳкории азим ва мактаби бузурги ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҷавонмардию шуҷоатмандӣ барои насли ҷавон абадан боқӣ хоҳад монд», — навиштааст ин расона.

Ёдовар мешавем, ки 28 апрели соли 2023, шабона соати 1-у 30-дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ иборат аз 8 нафар, таҳти роҳбарии Додихудо, Нодиршо ва Забӣ валади Муҳаммадсахӣ, сокинони қарияи Барпанҷаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон, бо мақсади интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ, хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар аломати 184-уми минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми «Тишор»-и Отряди сарҳадии «Хоруғ»  убур намуданд.

Бино ба иттилои «Ховар» дар такя ба маркази матбуоти Отряди сарҳадии «Хоруғ»-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, қочоқбарон ба амри марзбонони тоҷик дар хусуси таслим шудан итоат накарда, аз силоҳҳои гурӯҳӣ оташ кушоданд.

Ҷинояткорон ба оташи ҷавобӣ тоб наоварда, маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангиро дар ҷои ҳодиса партофта, бо истифода аз торикии шаб ба тарафи Афғонистон фирор карданд.

Дар ҷои ҳодиса 3 нафар ҳаммаслакони қочоқбарони афғон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Домуллоҷонов Эмин Амирович, соли таваллудаш 1982, зода ва истиқоматкунандаи  шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, Саидманзаров Нидо Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1993, зодаи деҳаи Ёмчи ноҳияи Шуғнон, сокини шаҳри Хуҷанд ва Саидмурсалов Наврас Саидмусоевич, соли таваллудаш 1987, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгир карда шуданд.

Аз ҷои ҳодиса 45 кг маводи мухаддири сахттаъсири навъи «героин», 1 адад автомати Калашников бо 4 адад тирдон, 74 дона тир,  1 адад дурбини махсуси назорати шабона, 10 (даҳ) ҳазор доллари ИМА дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гуфта мешавад, ки нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Инчунин, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *