Президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Чин дидор карданд

Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон 18-уми май дар шаҳри Сиан дар доираи сафари давлатӣ ба Чин ва дар ҳошияи нахустин нишасти сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ+Чин” бо Шавкат Мирзиёев мулоқот намудааст.

Зимни мулоқоти самимона доираи васеи масъалаҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз имкони мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, натоиҷи онро барои таҳкими равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон хуб ва муҳим арзёбӣ кардааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои равобити ду кишвар дар сатҳу самтҳои гуногун, аз ҷумла дар ҳошияи ҳамоиши кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чинро баррасӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *