Президент аз иҷроиши буҷа норози аст

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  27-уми октябр дар маҷлиси ҳукумат аз иҷро нашудани нақшаи буҷаи давлат изҳори нигаронӣ карда, ба аъзои ҳукумат дастур додаст, то аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ кунанд. 

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон нақшаи қисми даромади буҷа 97 фоизро ташкил дода, ба буҷа 390 миллион сомонӣ кам ворид гардид. Манбаъ мегӯяд, Хадамоти гумрук аз уҳдаи таъмини нақшаи даромади набаромадааст: «Нақшаи даромад аз андоз 100, 4 фоиз ва аз гумрук 87,6 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми хароҷот 90, 1 фоиз ва бақияпулиҳо 125 миллион сомониро ташкил намуд».

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ аз ин вазъ роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва вазирону раисони Кумитаро муваззаф намудааст, ки барои ислоҳи камбудиҳо, иҷрои нақшаи даромад, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷа чораҳои мушаххас андешида аз натиҷааш ба Ҳукумати кишвар хулосаҳои зарурӣ пешниҳод намоянд.

Зимни ҷаласаи ҳукумат инчунин лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2017 тасдиқ шудааст, ки ба 19 миллиарду 568 миллиону 600 ҳазор сомонӣ баробар буда, нисбати буҷаи соли равон 1 миллиарду 718 миллион сомонӣ зиёд мебошад: “Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети соли 2017 — 19 миллиарду 863 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, барои соҳаҳои иҷтимоӣ 8 миллиарду 286 миллион сомонӣ ҷудо мегардад”.

Ҳукумат баъди тасдиқ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол намудааст.

 

сри мил

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *