Президенти Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон меравад
Рӯзҳои 12-13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон меравад.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Дар ҷараёни ин сафар роҳбарони ду кишвар масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории гуногунҷанбаро баррасӣ хоҳанд кард.
Инчунин, қарор аст, ки дар поёни мулоқот чанд санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ