Президенти Туркманистон моҳи апрел ба Тоҷикистон меояд

Моҳи апрели соли равон президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, масъалаи омодагӣ ба сафари мазкур зимни музокироти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баррасӣ гардидааст.

— Диққати махсус ба ҷараёни омодагӣ ба сафари давлатии президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар нимаи аввали моҳи апрели соли 2023 пешбинӣ шудааст, зоҳир карда шуд,- омадааст дар хабари вазорат.

Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Аралро, ки моҳи сентябри соли 2023 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *