Прокуратураи генералӣ генерал Аҳамадбоевро  боздошт кард

Адҳам Аҳмадбоев, вазири собиқи корҳои дохилии Узбекистон, ки моҳи декабри соли гузашта аз тарафи президенти  кишвар Шавкат Мирзиёев ба “хиёнат” айбдор шуда буд, боздошт гардидааст. Як манбаъ дар Вазорати корҳои  дохилии Узбекистон рӯзи 29-уми январ гуфтааст, ки боздошти Аҳмадбоев баъд аз зуҳри ҷумъаи гузашта дар хонааш дар шаҳри Тошканд сурат гирифт.Бино ба иттилои дарёфтӣ, Адҳам Аҳмадбоеви 52-сола бо қарори Додситонии кулл ба боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилии Узбекистон интиқол ёфтааст. “Алайҳи ӯ рӯзи 29-уми январ расман айб эълон хоҳад шуд”, — гуфт манбаъ. Як мақоми дигар дар Додситонии кулли Узбекистон низ хабари боздошти Адҳам Аҳмадбоевро тасдиқ кард. Вай гуфт, феълан тафтишоти қазияи ӯро муфаттишони Додситонии кулл анҷом медиҳанд.То ба ҳол сабаби боздошти Адҳам Аҳмадбоев маълум нест. Аммо боздошти ӯ дар ҳоле сурат гирифт, ки охири моҳи декабри соли гузашта Шавкат Мирзиёев ӯро ба “хиёнат” айбдор кард. Мирзиёев дар ҷаласаи муштараки ҳукумат ва порлумони Узбекистон рӯзи 22-юми декабри соли 2017 гуфт, барои “хиёнат”-аш ӯро аз рутбаи генерал-лейтенант маҳрум кардааст.Ин рутбаро Адҳам Аҳмадбоев соли 2014, дар замони раёсати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбекистон, гирифта буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *