Пула гирифтиву намебарӣ? Таҷаммуи зоирони тоҷик дар назди Кумитаи дин

22-юми июн дар назди Кумитаи дини Тоҷикистон даҳҳо зоир ҷамъ омадаанд. Ҳамааашон даъво доранд, ки ҳамаи талаботи сафари ҳаҷро иҷро карданд, вале то ҳол номҳояшон дар рӯйхат нест. Бояд онҳо рӯзи 23-юм парвоз мекарданд.

Мақомот сабаби инро ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймоҳои ширкати Саудӣ гуфтанд.

Мақомоти Кумитаи дин дар як рӯйхате номи зоиронро навиштааст, вале дар онҷо номи на ҳама будааст. Чунончи, сокини ноҳияи Деваштич Саидмуъмин Саидов мегӯяд: «Панҷ рӯз боз дар шаҳри Душанбе ҳастем. Аз ноҳияи Деваштич омадем. 20 нафар. Ба мо гуфтанд, равед, баъд аз як рӯз номатон дар рӯйхати зоирон мебарояд. Пулро супоридем, ҳамааш тайёр, бояд 20-уми июн мерафтем».

Бояд гуфт, ки сафари зоирони тоҷик барои адои расму русуми ҳаҷи фарзӣ 10-уми июн оғоз шуд. Ширкатҳои “Сомон Эйр” аз Тоҷикистон ва “Flynas” аз Арабистони Саудӣ ба бурдани зоирон вазифадор шудаанд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин душвории ба миён омадаро чунин шарҳ дод: “Ин омил то ҷое боис ба нигаронии мардум гардид. Онҳо андаке хавотир шуданд ва тавре мебинед, имрӯз паси дари мақомоти ваколатдор қарор доранд, то муайян кунанд, ки кай онҳо ё наздиконашон ба сафари Ҳаҷ мераванд. Сокинон набояд нигарон бошанд, сафари онҳо анҷом хоҳад ёфт».

Дар Кумитаи дин гуфтанд, ки баъди азсаргирии маҳдудиятҳои COVID-19 теъдоди ҳаҷравандагон зиёд шудааст ва ин ба ҷадвали парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Ҷидда таъсир гузоштааст.

Имсол Арабистон барои адои ҳаҷи акбар ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота дод. Нархи сафари ҳаҷ барои як нафар 59 ҳазор сомонӣ ё беш аз 5 ҳазор доллар муқаррар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *