Пули нақд аз байн меравад?! Тоҷикистон ба низоми нав омода аст ё не?

Аз 1-уми августи соли равон пардохти андозҳо ва боҷҳои давлатӣ ғайринақдӣ сурат мегирад. Пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғурта, хизматрасониҳои тиббӣ, коммуналӣ, қабули маблағ аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ низ ғайринақдӣ амалӣ мешавад. Дар ин бора фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст. Ҳадаф аз ин иқдом чист? Бонкҳои Тоҷикистон барои анҷоми чунин амалиётҳо омода ҳастанд?

Навбатпоӣ дар назди банкоматҳо аз байн меравад?

Амалиёти ғайринақдӣ пардохт тариқи кортҳои бонкӣ ва ҳамёни мобилӣ мебошад. Тавре мушоҳида мешавад, ҳоло бештари амалиётҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои давлатӣ тавассути Амонатбонк сурат мегирад. Дар ростои пурра гузаштан ба амалиётҳои ғайринақдӣ масъулини ин бонк ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ки имрӯз барои пардохти ғайринақдии андозу боҷҳои давлатӣ ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ дар филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва биноҳои нозироти андоз беш аз 850 постерминал насб шудааст.

Сироҷидин Икромӣ, раиси КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Сироҷидин Икромӣ, раиси КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро муҳим медонад. Зеро он барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.

«Агар қаблан дар 372 нуқта қабули маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ иҷро мегардид, имрўз имконияти дар 853 нуқта анҷом додани чунин хизматрасониҳо пайдо шудааст, яъне ҳама марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳои Амонатбонк барои анҷом додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои миллии низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» омода ҳастанд»,- афзуд Сироҷиддин Икромӣ.

Барномаи нави Амонатбонк

Бино ба гуфтаи масъулини Амонатбонк, шахсони воқеӣ ва соҳибкорон метавонанд 11 намуд андоз ва зиёда аз 300 намуд пардохтҳои ҳатмиро дар шабакаи ин бонк анҷом диҳанд. Барои идора намудани равандҳои марбут ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ҳамгироӣ бо вазорату идораҳо барномаи нави «Фронт-офис» тарҳрезӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

Ҳар як вазорату идора ва ташкилоти давлатӣ метавонад аз утоқи шахсӣ дар барнома истифода бурда, тамоми пардохтҳои ба манфиати онҳо қабулшударо назорат намояд. Амонатбонк татбиқи лоиҳаи пардохтҳои ғайринақдии давлатиро аз даҳаи сеюми моҳи март оғоз намуда, то имрўз тавассути постерминалҳо беш аз 275 миллион сомонӣ маблағҳои андоз, пардохтҳои ҳатмӣ ва коммуналиро қабул намуда, ба буҷаи ҷумҳурӣ интиқол додааст.

Барои таъмини фаврият ва хизматрасонии саривақтӣ ба мизоҷон Амонатбонк кортҳои беноми «Фарогир»-ро ба миқдори 164 ҳазор адад интишор намуда, ба мизоҷон дастрас карда истодааст. Мизоҷон бо истифода аз кортҳои мавҷудаи худ метавонанд ба таври ғайринақдӣ пардохтҳоро анҷом диҳанд. Инчунин, дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 237 адад ва дар бахши хусусӣ 620 адад постерминалҳо насб карда шудааст. Дар замимабарномаи «Амонатмобайл» низ имконияти анҷом додани 11 намуди пардохти андозҳо ва хизматрасониҳои коммуналӣ вуҷуд дорад.

Шарҳи Бонки миллӣ

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бошад, иброз дошт, ки гузаштан ба амалиётҳои ғайринақдӣ пеш аз ҳама барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароит фароҳам меорад.

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад.

Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон ва қулай мегардонад.

Ҳоким Холиқзода иброз дошт, ки бо мақсади рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ технологияҳои муосири молиявии рақамӣ, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, бонкдории мобилӣ, Интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути POS — терминал ва QR-рамзро татбиқ менамоянд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода мегӯяд, мушкилии асосие, ки айни замон дар соҳа ҷой дорад, набудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ва заифии инфрасохтори зарурӣ дар бархе аз вазорату идораҳои давлатӣ мебошад.

Омори истифодаи корт дар Тоҷикистон

Онҳое, ки кортҳои бонкӣ доранд, дар истифодаи амалиётҳои ғайринақдӣ мушкилӣ намекашанд. Бино ба маълумоти оморӣ, то 31-уми майи соли равон аз ҷониби низоми бонкӣ дар маҷмуъ зиёда аз 5,7 миллион кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 43 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар 5 моҳи соли ҷорӣ теъдоди умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 7,7 миллион адад баробар гардида, дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 63 фоиз афзоиш ёфтааст. Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавассути инфрасохтори қабули пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасониҳо дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 4 152 адад POS — терминал ва 19 708 адад QR-рамз ташкил кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 шумораи POS — терминалҳо ба андозаи 9,2 фоиз ва QR-рамзҳо ба андозаи 34,5 фоиз зиёд мебошанд. 

Ба андешаи таҳлилгарони масоили иқтисодӣ, пардохти хизматрасониҳо тариқи корт ва дигар ҳамёнҳои мобилӣ хуб аст, агар суръати интернет беҳтару нархи он дар шароити Тоҷикистон низ  арзонтар бошад. Ин омили асосӣ дар тадбиқи амалиётҳои электронӣ аст.

Усмон РАҲИМЗОДА, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *