Рӯзи пойтахт чӣ гуна таҷлил мешавад?
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, имсол ба 15-уми апрел рост меояд.
Аз шаҳрдорӣ хабар доданд, ки консерти асосӣ ба ин муносибат дар толори “Кохи Суруш” соати 14:00 баргузор мешавад. Дар ҳамин ҷо то оғози консерт маросими тақдими ҷоиза ва мукофотпулиҳо ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ доир мегардад.
Дар барномаи консертӣ ҳунарнамоии сарояндагони маъруф ва дастаҳои рақсӣ, инчунин овозхонҳои писандидаи эстрада пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин дар Рӯзи пойтахт баргузории маъракаҳои тозакунии шаҳр, чорабиниҳои оммавии варзишӣ ва фарҳангӣ дар боғҳо ва ҷашнвораи мактабҳои мусиқии кӯдакон ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, соати 8-и субҳи рӯзи 15-уми апрел дар Душанбе ниммарафони 13-ум оғоз мегардад. Дар он иштироки варзишгарон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин меҳмонони хориҷӣ аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Кения, Эфиопия ва дигар давлатҳо дар назар аст.
“Дар робита ба баргузории ниммарафон аз соати 8 қисмате аз роҳҳои хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (роҳи бетонӣ) то гардиш ба Чорбоғ, хиёбони Рӯдакӣ то майдони Дӯстӣ (то муҷассамаи Исмоили Сомонӣ) баста мешаванд”. Марафон то соати 11 идома меёбад. Аз ронандагон дархост мешавад, ки дар ин вақт аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд” ,- гуфтанд дар шаҳрдорӣ.
Ниммарафон дар Душанбе аз соли 2010 баргузор мешавад. Соли 2013 Ниммарафони Душанбе ба тақвими бозиҳои Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давидан ба масофаҳои дароз дохил шуд. Масофаи он 21 километру 97,5 метрро ташкил медиҳад.
Ба ғолибони ниммарафон низ дар консерти зикршуда дар “Кохи Суруш” ҷоизаву мукофотпулиҳо тақдим мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ