Рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон муайян шуд

Дар ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбонро муайян карданд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо дар ҷаласа изҳор доштааст, ки тибқи маълумоти илмӣ ва дар асоси хулосаи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар кишвар Иди Қурбон ба рӯзи 9-уми июл рост меояд.

Ӯ аъзои Шӯроро бо фарорасии Иди Қурбон, ки 10-уми моҳи зулҳиҷҷа таҷлил мешавад, табрик гуфтааст.

Дар робита ба ин Шӯрои уламо тасмим гирифтааст, ки Иди Қурбон дар саросари Тоҷикистон рӯзи шанбеи 9-уми июл таҷлил шавад. Намози ид дар тамоми масоҷиди кишвар соати 6:00 оғоз мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *