Рӯзи модар. Зани деҳотӣ ҳам ниёз ба ғизои маънавӣ дорад…

Чанд сол қабл «Рӯзи озодии занон» бо ташаббуси Сарвари мамлакат ба «Рӯзи модар» табдил ёфт. Вале чун одати дерин дар ин рӯз мардон ба бонувон туҳфае мехаранду шавҳарҳо рӯзи дароз дар ошхона ҷумбуҷул карда, хӯроки бомазза мепазанд…

Шахсан ман ҳатто дар рӯзи модар ҳам дар ошхона хӯрок пухтани мардро хуш надорам ва матбахро «територия»-и худам медонам,  шавҳару писарамро намегузорам, ки ба дегу табақам наздик шаванд, ин як. Дувумаш ин ки, наход ид танҳо аз хӯрдану туҳфа қабул кардан иборат бошад?!

Агар рӯзи муқаддаси модар, ки мақоми давлатӣ дораду бо фармони Президент онро қабул намудаанд, воқеан ҳам ИД аст, пас бояд бошукуҳтарин ид бошад! Бисёр мехостам, ки дар ин рӯз беҳтарин ҳунармандони кишвар ба шарафи иди олиҳаи меҳру вафо ва садоқат — МОДАР дар толорҳои калонтарини кишвар модарномахонӣ ташкил намоянд ва нархи чипта барои бонувон арзон ва барои занони солортар ройгон бошад. Театрҳо намоишномаҳои беҳтарини худро ҳамон рӯз ба намоиш гузоранду он шоироне, ки дар ашъорашон модарро мадҳу сано мегӯянд, маҳз бо занон вохӯриҳо ташкил намоянд. Хулоса, Рӯзи модар бо шукуҳи хоса таҷлил шавад…

Ҳамаи он чӣ, ки дар боло гуфтам, танҳо ба занони шаҳр дахл надорад, ин ба занони заҳматкаши деҳот, ки ба хотири бою ғанӣ гардонидани дастархони мо шаҳрнишинон меҳнат мекунанд, зиёдтар лозим аст. Зеро ғизои маънавӣ ба бонувони деҳотӣ намерасад. Ҳар гоҳе ба деҳот меравам ва дар суҳбати ин бонувони дилсофу хушсухан мешинам, боз як бори дигар ба он бовар мекунам, ки баланд бардоштани мавқеи зан, ки дар сӣ соли Истиқлоли ватан сухан дар бораи он меравад, ягон зарра ба рӯзгори онҳо рабт надорад. «Мавқеъбаландӣ» танҳо хоси ҳамон занони курсинишин аст, ки то нафақа баромадан чун донаи шоҳмот аз ин хонача ба он хонача интиқолашон медиҳаду халос.

Лолаи САИДАКБАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *