Рӯъё Иброҳимӣ — Эрон

Тахти Ҷамшед

Ҳоли ман ҳолу рӯзи хубе нест,

Хастаам, хаста, ӯ намефаҳмад.

Ин табиист бабри захмиро,

Бабри рӯйи пату намефаҳмад.

 

Байни мо марзи дард фосила буд,

Мисли як риштакӯҳи пайваста.

Мисли як саҳюнисти ғамгин, ки

Ба зане туи Ғазза дил баста.

 

Ман ба поёни хеш мӯътарифам,

Ҷуфти парвози ӯ нахоҳам шуд.

Ман ҳамин ҷӯҷа урдаки зиштам,

Ҳатм дорам, ки қу нахоҳам шуд.

 

Хастаам мисли тирбор аз ҷанг,

Мисли теғи ғилоф гум карда.

Мисли марде, ки нисфи динашро,

Дар миёни тавоф гум карда.

 

Ҳоли ман ҳоли Тахти Ҷамшед аст,

Ҳоли як марзбони эронист.

Охирин тир, охирин сарбоз,

Охирин лаҳза қабл вайронист.

 

Тарси қабл аз шикастро танҳо,

Марди дар ҳоли ҷанг мефаҳмад.

Ҳоли як кӯҳи рӯ ба резишро,

Аввалин хӯрда санг мефаҳмад.

 

Зиндагӣ! Дар либоси шуъбадабоз,

Сар гирифтӣ кулоҳ пас додӣ.

Дар изои медоди рангиҳом,

Такмедоди сиёҳ пас додӣ.

 

Зиндагӣ! Рӯзҳои хубат ҳам,

Мисли ин шеър талху дилгиранд.

Қабли рафтан фақат баландам кун,

Шоирон истода мемиранд.

***

Ба пешбоз…

Оғӯши ман дарвозаҳои Тахти Ҷамшед аст,

Мехостам ту подшоҳи кишварам бошӣ.

Оташ кашидӣ пойтахтӣ шӯру шеърамро,

Афсӯс, ки мехостӣ Искандарам бошӣ.

 

Ин рӯзҳо ҳатто шабеҳи сояат ҳам нест,

Марде, ки як шаб беҳтарин таъбири хобам буд.

Марде, ки бо он ҷазабаи чашми ризохониш,

Як рӯз танҳо иллати кашфи ҳиҷобам буд…

 

Дар бозувонат қатлгоҳи кӯчаке дорӣ,

Лабханд ғорат мекунад он ахми тоторият.

Бар  бод додӣ сарзамини эътимодамро,

Бо туркаманчои хиёнатҳои қоҷорият.

 

Дар шаҳрҳои марзи пероҳанам ҷанг аст,

Ҷуғрофияи шонаҳоят такягоҳам нест.

Дорам таҳсин мекунам бо шеър бар лабҳот,

Ҳарчанд шарти бар лаби машрута хоҳам нест.

 

Ман қарнҳо маъшуқаи таърихиат будам,

Дигар барои як шурӯи тоза фурсат нест.

Ман дӯстат дорам, бағал кун гиряҳоямро,

Лаънат ба таърихе, ки ҳатто дарси ибрат нест.

رویا ابراهیمی — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *