Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати соҳибкорони Ӯзбекистон вохӯрд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуруҳи соҳибкорон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки бо роҳбарии муовини ҳокими вилояти Фарғона Алибек Турсунов ба вилоят омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба Суғди бостон хайрамақдам гуфта, таъкид кардааст, ки бо сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳоли рушд аст. Аз ҷумла, миёни вилояти Суғд ва вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона ва Намангон, инчунин Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ санадҳо имзо гардида, дар доираи он ҳамкориҳо ба роҳ монда шудаанд.

Такъид карда шудааст, ки мубодилаи молу маҳсулот миёни минтақаҳои ду давлат сол аз сол зиёд гардида, аз вилояти Суғд нахи пахта, масолеҳи сохтмонӣ ва семент, маҳсулоти кишоварзӣ ва бисёр чизҳои дигар содирот гардида, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон нуриҳои минералӣ, пойафзолу либос, масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти маишӣ ба вилоят ворид карда мешавад.

Изҳори боварӣ карда шудааст, ки сафари навбатии соҳибкорони вилояти Фарғона ва мулоқоту дидорҳояшон бо соҳибкорони вилояти Суғд ба рушди минбаъдаи равобит ва муносибатҳои иқтисодӣ хизмат мекунад.

— Муовини ҳокими вилояти Фарғона Алибек Турсунов аз истиқболи самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки соҳибкорони вилояти Фарғона то 3-юми июн дар вилояти Суғд бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ шинос шуда, бо доираҳои соҳибкорӣ мулоқот мекунанд. Дар назар аст, ки пас аз боздиду шиносоиҳо ҷонибҳо барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак тасмим бигиранд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.