Раҷаббой Аҳмадзода дар Спитамен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади ифтитоҳи як қатор корхонаву маркази савдо ва шиносоӣ аз соҳаи кишоварзӣ ба ноҳияи Спитамен рафт. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар дод.

Бино ба иттилоъ, Аҳмадзода нахуст бо фаъолияти корхонаи саноатии «Норд Азия метал», ки яке аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли метал дар кишвар аст, шинос гардид. Корхонаи мазкур соли 2016 бо иштироки президенти кишвар ифтитоҳ шуда, иқтидори истеҳсолии он 60 ҳазор тонна дар як сол мебошад. Дар корхона соли гузашта 35 ҳазор тонна профилу қубурҳои гуногунҳаҷм ба маблағи 270 миллион сомонӣ истеҳсол шудааст. Маҳсулоти истеҳсолшаванда воридотивазкунанда буда, дар соли гузашта илова бар таъмини бозори дохилӣ 300 тонна маҳсулот содирот карда шудааст. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 12 ҳазор тонна маҳсулот ба маблағи 108 миллиону 500 ҳазор сомонӣ истеҳсол шудааст.

Гуфта мешавад, ки пас аз ин раиси вилоят бо рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи мазкур шинос шуд. Дар ноҳия соли равон дар 3643 гектар замин гандум кишт шуда буд ва то имрӯз дарави ғалла дар 3000 гектар ба анҷом расонида шудааст. Ҳамзамон 5800 гектар пахта низ кишт шудааст.

Ниҳоят бо иштироки раиси вилоят аз ҷониби соҳибкорон маркази савдои «Спитамен плаза» бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки дар маркази савдо нуқтаҳои фурӯши молу маҳсулоти рӯзгор, либосҳои гуногун, ҷиҳоз ва техникаи маишӣ, телефон ва ғайраҳо ҷойгир гардида, барои соҳибкорон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуд.

Дар доираи сафар роҳбари вилоят ҳамзамон собиқадори меҳнат Башорат Юсуповаро аёдат кардааст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *