Раҳмия ба худ раҳм накард

Ҷисми беҷони як сокини 23-солаи шаҳри Кӯлоб аз ҳаммоми манзили зисташон пайдо шудааст. 

Наздикони Раҳмияи Исо мегӯянд, ӯ худро овехтааст. Исо Давронов, падари Раҳмия гуфтааст,ки  ҷасади духтараш соатҳои тақрибан 18:30-и рӯзи 27 июл ёфтанд: “Ҳамсарам фарёд зад. Давида омадам, ки духтарам дар ҳаммом худашро овехтааст”.
Ӯ гуфт, ҳарчанд Раҳмия бемории равонӣ дошт, вале ҳеч гоҳ маҳзун набуд ва касе ҳам тасаввур намекард, ки ба чунин амал даст мезанад: “Ҳамеша хушҳол буд. Бо ҳама хурсандӣ мекард”.
Бино ба омори расмӣ давоми шаш моҳи соли равон дар минтақаи Кӯлоб 34 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд расидааст. Хушвақт Машрабзода, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар нишасти ахири хабариаш гуфт, дар натиҷа 22 нафар ба ҳалокат расидааст. Аз ин шумора 25 мард, 5 зан ва 5 ноболиғ будааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *