Раиси шаҳри Хуҷанд ба оромгоҳ рафт (аудио)

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади огоҳӣ аз вазъи оромгоҳҳо, бахусус ҳолати воқеии истифодабарии онҳо, хизматрасонӣ ба мардум аз чанд қабристони ҳудуди шаҳр боздид намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳрро дар ин боздид масъулини соҳаи ободонӣ, дин, танзими расму оин, раисони маҳаллаҳо ва дигар ашхоси мутасаддӣ хамроҳӣ намудаанд.

Зимни шиносоӣ бо вазъи оромгоҳҳои “Боғи Охун”, “Муродбахш”, “Найсувор”, “Маккаи азизон”, “Гумбази қошуқ”, “Болтухон” ва ғайраҳо ба вазъи ободонии он ва хизматрасонӣ ба мардум мароқ зоҳир карда шудааст.

Таъкид гардидааст, ки ободу покиза нигоҳ доштани оромгоҳҳо, ки аз фазилатҳои неки инсонист, аз сокинони маҳаллаҳо даъват ба амал оварда шавад, то дар рўзҳои истироҳатӣ бо ташкили ҳашарҳои дастҷамъона бо роҳандозии кори хайр дар ободонию тоза нигоҳ доштани оромгоҳҳои шаҳр саҳмгузорӣ карда шавад.

— Ин тадбири оммавӣ бояд дар ҳамаи 15 адад оромгоҳҳои шаҳр амалӣ карда шавад, зеро мардуми мо аз азал нисбат ба турбати гузаштагони худ эҳтироми хоса доранд. Фирдавс Шарифзода фаъолияти бархе оромгоҳҳои шаҳрро дар самти ободонӣ тавсиф намуда, онро барои дигарон шоистаи пайравӣ унвон намуд. Аз масъулини ободонӣ ва оромгоҳҳои шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки дар арафаи Иди саиди Фитр тамоми оромгоҳҳои шаҳрро ободу мунаввар намоянд. Ба масъулини дин ва танзими расму оин, раисони маҳаллаҳо дастур дода шуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти шаффофи хизматрасонӣ ва роҳандозии амалҳои хайрхоҳӣ бо мардум тадбирҳои зарурӣ андешанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *