Рамазон Раҳимзода: Кормандони милитсия бояд бо одобу рафтор фарқ кунанд (аудио)

Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода машварати оперативӣ доир шуд.

Бино бар иттилои масъули маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Сироҷиддин Шукурӣ, 7-уми апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти милитсияи пойтахт дар семоҳаи аввали соли 2022 баргузор гардид.

Дар машварати оперативӣ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, роҳбарияти Дастгоҳи марказии Раёсат ва роҳбарони ҷузъу томи мақомоти милитсияи пойтахт иштирок намудаанд.

“Вазири корҳои дохилӣ вазъи зуд тағйирёбандаи ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуд, ки ҷиҳати таъмини сулҳу субот, мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва хавфнок аз ҳар як корманди мақомоти милитсия беш аз пеш зиракиву ҳушёриро талаб менамояд. Махсусан пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе, ки маркази маъмурии Тоҷикистон аст, кормандони милитсия бояд бо донишу малакаи баланди касбӣ, одобу рафтор ва муоширату муомила фарқ кунанд”,-иттилоъ додааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки Рамазон Раҳимзода вазъи содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан сар задани авбошӣ ва муноқишаҳои гуруҳӣ миёни ҷавонону ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар мушкилоти ҷойдоштаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.