Рамазон Раҳимзода — вазири муваффақ ва шоир Ниҳонӣ

Имрӯз, 25-уми апрел Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия 62-сола шуд.

Ӯ соли 1982 факултаи муҳандисии Донишгоҳи кишоварзӣ, соли 1995 Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2002 Академияи ВКД Федератсияи Россияро хатм кардааст. Доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон ва узви Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ мебошад.

Фаъолияти хизматиашро дар мақомоти корҳои дохилӣ аз нозири шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД ноҳияи Муъминобод оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии (ШМЗҶИ)-и ШКД ноҳияи Данғара, муовини сардори ШМЗҶИ вилояти Кӯлоб фаъолият кардааст. Солҳои 1992-1994 ба ҳайси сардори ШКД ноҳияи Данғара кор кардааст. Солҳои 1994-2001 вазифаи сардори ШКД дар ноҳияи Ховалинг, шаҳри Норак ва баъдан вазифаи ҷонишини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилиро ба уҳда дошт.

Соли 2001 ба вазифаи намояндаи ваколатдори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) ва баъдан ба ҳайси муовини аввали Бюрои мазкур фаъолият намудааст.

Соли 2005 муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва соли 2007 ба вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин гардида, фаъолият намудааст.

Моҳи апрели соли 2008 Раҳимзода Рамазон мудири шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад. Баъди як соли фаъолият дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми феврали соли 2009 ба вазифаи муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъин карда мешавад.

Бӯйи гул

Ин бӯйи хуши гул ки вазад, бар машоми кист?

Атри кадом савсану саҳбо зи ҷоми кист?

Ин тозагул, ки дил барад бо ишваю ба ноз,

Дар бар чакан равона ин оҳухироми кист?

Бозори ҳусни хубрухонро чӣ арзише?

Луқма зи ҷайби кию муҳаббат ба коми кист?!

Дил, аз камони абрӯи ошиқ чӣ мерамӣ?

Пиндор, тир шуд ҳадафу фикр доми кист?

Гар сарв сар кашад, зи қадат дар хиҷолат аст,

Лаб масти холу ханда гули ман ба боми кист?

Дар базми маҳвашон бирамад хонум аз ҳасад,

Оҳу чу роми мост, дилам лек роми кист?

Он ҳарфҳои фаҳш шунидам зи чопарон,

Бинмо назар ба қиблаю баргу зи номи кист?

Гар шуд ҳикоя ҳикмати ман байни ҳуриён,

Дил қисса гуфт бо ѓазал, ин ҷо паёми кист?

Дар хоки гӯрам гул шукуфад баъди куштанам,

Бӯйи гули мазори ман аз эҳтироми кист?

Аз сӯзиши дил дуд равад сӯи осмон,

Эй пухтадил, мапурс, ки ин қалби хоми кист?

Аз оҳи қалби нарми Ниҳонӣ касе нагуфт,

Боде, ки саҳро меравад, умри давоми кист?

НИҲОНӢ

Рамазон Раҳимзода бо унвон ва мукофотҳои давлатии зерин, аз қабили соли 2004 ордени «Спитамен», дараҷаи 1, соли 1998  Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010 Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013 ордени «Зарринтоҷ», дараҷаи 2, соли 2016 барандаи ҷоизаи Муҳаммад Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ сарфароз гардидааст.

Инчунин, соли 2016 бо Қарори комиссияи тахассусии Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон ғолиби Озмуни байналмилалии «Нашри беҳтарин барои муассисаҳои олии таълимӣ дар соҳаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» таҳти унвони «Нашри беҳтарин оид ба проблемаҳои протсессуалии ҷиноятӣ, криминалистика ва назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» гардид.

Рамазон Раҳимзода ташаббускори ҷорӣ намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар 5 нашр, барномаи дарсии он ва тестҳо аз ин фан мебошад.

Ҳамзамон, муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, китоби дарсӣ, рисолаҳо, монография, дастури таълимӣ, тафсир ба қонунҳо, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ аст.

Аз 5-уми январи соли 2012 то ҳол Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мебошад.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj Рамазон Раҳимзодаро ба муносибати зодрӯзаш самимона шодбош намуда, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ таманно доранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.