«Рамис-Испечак»- чемпиони собиқадорон

Дастаи футболи «Рамис-Испечак»-и шаҳри Душанбе дар чемпионати дастаҳои собиқадорони кишвар ҷойи аввалро гирифта, ғолиб дониста шуд. Футболбозони ин даста дар 12 вохӯрӣ пирӯз шуда, ду вохӯриро мусовӣ анҷом доданд ва ҳамагӣ 2 бозиро бохтанд.
Ба ин муносибат дирӯз маросим супоридани ҷоизаю туҳфаҳо ба хайати «Рамис-Испечак» баргузор шуд. Ҷоми чемпионӣ, медалҳои тилло ва дигар туҳфаҳоро ба футболбозони даста директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ботантана супурд.
Дар ҳайати дастаи чемпион футболбозони собиқадор Анваршо Мирзоев, Саид Ғаюров, Аҳлиддин Турдиев, Рустам Хоҷаев, Хуррам Нозири, Суҳроб Ҳамидов, Субҳон Хоҷамов, Тоҷиддин Мираков, Рустам Қурбонов, Шуҷоат Неъматов хуб ҳунарнамоӣ карданд.
Бояд гуфт, ки тақдири медалҳои нуқра ва биринҷӣ дар вохӯрии дастаҳои «Пойтахт» – «Хуҷанд» ва «Пойтахт» – «Спартак» ҳал мегардад.
Э. Назаров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *