Рашку муноқиша ду ҷавондухтарро паси панҷара бурд

Аз болои ду ҷавондухтар, ки дар пойтахт ҷангҷол ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон карданд, сокинон ба мақомоти милитсия муроҷиат карданд. Яке  сокини ноҳияи Файзобод ва дигаре сокини шаҳри Ҳисор будаанд.

Гуфта мешавад, ки 19-уми ноябри соли ҷорӣ, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқишаи ду нафар ҷавондухтар инъикос ёфтааст. Дар ин замина шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсия дархост намуданд, ки нисбати вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

 Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ошкор кардааст, ки ҷавондухтарони дар навор инъикосгардида шаҳрвандон Юсупова Гулпарӣ Пирназаровна, санаи таваллудаш 16.05.1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод деҳаи Заркамар ва Каримбекова Сарвиноз Акбарҷоновна, санаи таваллудаш 21.04.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор мебошанд.

Зимни пурсиш муайян карда шудааст, номбурдагон бо ҳамдигар шиносоӣ ва муносибати ошноӣ доштаанд. Аммо, 19-уми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 10:00 дақиқа, аз сабаби рашку ҳасад, дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Фирдавсӣ бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.

 Дар асоси Қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.