Расидан ба сулҳ осон набуд! Таҷрибаи ҷанг ва сулҳи Тоҷикистон

27-уми июни соли равон Тоҷикистон 25-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллиро таҷлил мекунад. Маҳз дар ин рӯзи соли 1997 ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар хотима ёфт ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сулҳу осоиш расид. Аксари коршиносон сулҳро дастоварди беназири Тоҷикистон медоданд, ки бо душворӣ ба даст омадааст. 

Хатари нобудшавии кишвар

Баробари ба даст овардани истиқлол Тоҷикистон ба буҳрони шадиди сиёсӣ печид. Пайдо шудани гуруҳҳои мухталифи манфиатхоҳ дар кишвар боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Дар пайи шиддат гирифтани низоъҳо миёни гуруҳҳои манфиатхоҳ, ки кишварро ба минтақаҳо тақсим карда буданд, хатари нобудшавии давлати Тоҷикистон пеш омада буд. Албатта, дар ин амр дахолати хориҷиён низ буд.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, ки иштирокчии бевоситаи раванди сулҳи тоҷикон буд, ин нуктаро чунин шарҳ медиҳад: “Нияти ташкили Ҷумҳурии Бадахшон, кӯшиши таълифи Қонуни асосии Ҷумҳурии Бадахшон, бастани роҳҳо ва таркондани пулҳои мошингузар дар шимоли кишвар, ҳамлаи мусаллаҳона ба вилояти Суғд аз хоки кишвари ҳамсоя, эълони Ҷумҳурии исломии Ғарм ва ғайра гувоҳи равшани ба вартаи нобудӣ расонидани кишвар буд”.

Қатлу куштору ғорат ва низоъҳои шадиди дохилӣ садҳо ҳазор сокини кишварро дар нахустин солҳои ин ҳаводис ба муҳоҷирати дохиливу хориҷӣ кашонд. Бино ба маълумоти СММ, танҳо тайи соли 1992 муҳоҷирони иҷбории дохилӣ тахминан ба 1 млн нафар ва дар давлатҳои ИДМ ба 195 ҳазор нафар мерасид.

Давоми солҳои 1992 то 1994 ин муноқишаҳо миллиардҳо доллар хисорот оварда, даҳҳо ҳазор нафарро қурбонӣ ва ҳазорон оиларо гурезаву бесаробон ва бехонаву бе ҷою макон кард. Теъдоди қурбониёни ин ҷанг беш аз 150 ҳазор нафар гуфта мешавад.

Талош барои сулҳ

Дар чунин лаҳазоти ҳассос ягона роҳи раҳоӣ ва наҷоти миллат гуфтушунид ва музокирот буд. Заминаи ин амр ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд соли 1992 оғоз гардид. Дигар ин ки, мардуми тоҷик, чӣ саркардаи гуруҳҳо ва чӣ нафарони одӣ аз ҷанг хаста шуда, хостори сулҳи пойдор дар кишвар буданд.

Профессор Иброҳим Усмонов, ки шоҳиди бевоситаи сулҳ буд, ин нуктаро таъқид мекунад. «Ҷойи баҳс нест, ки агар худи тоҷикон намехостанд, дар Тоҷикистон сулҳ ҳанӯз барқарор намешуд»,- мегӯяд номбурда.

Ҳамчунин, ба таъкиди коришиносон, идома ёфтани муқовимати мусаллаҳона дар Тоҷикистон на танҳо ба манфиъати тарафҳои даргир набуд, балки ба манфиатҳои геополитики Русия, Эрон ва кишварҳои дигар, ки аз ягон ҷиҳат ин ва ё он тарафи тоҷиконро дастгирӣ мекарданд, низ рост намеомад. “Дар ин бора Евгений Примаков, сардори вақти сервиси амниятии Русия, ки барҳақ яке аз поягузорони асосии музокироти сулҳи тоҷикон ба шумор меравад, дар китобаш «Солҳое, ки дар майдони сиёсати бузург будам» дар фасли ҷудогонае зери унвони «Роҳҳои ҳалли оштии тоҷикон (Аз Аҳмадшоҳ то Нурӣ)» ба таври фошофош бо овардани далелҳои мантиқӣ таъкид намудааст, ки «идомаи минбаъдаи вазъи номуътадил дар Тоҷикистон ҳам барои Русия ва ҳам барои Эрон манфиъат надошт ва ба ҷуз музокирот чораи дигаре набуд»,- мегӯяд Абдунабӣ Сатторзода.

Ҳамин тавр, гуфтугӯ миёни ҷониби ҳукумат ва мухолифин барои музокирот аз моҳи апрели соли 1994 дар Маскав оғоз шуд. Бо гузашти ҷанд давр дар Алмаато, Теҳрон, Ашхобод, Исломобод ва ахиран дар Маскав неруҳои мухолифин ва ҳукумат ба мувофиқа расиданд. Ҳамин тавр, 27-уми июни соли 1997 дар Кремли шаҳри Маскав дар нуҳумин гуфтушуниди сулҳ дар Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ хотима бахшид.

Муҳимтарин дастоварди ин санад баргардонидани гурезаҳои тоҷик аз кишвари ҳамсояи Афғонистон буд.

Сулҳ ба осонӣ ба даст наомадааст!

Коршиносон ва иштирокчиёни раванди музокирот мегӯянд, ки сулҳ барои Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Раванди сулҳи тоҷикон рўйдоди душворе буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод.

“Натиҷаи ҳамин боло гирифтани дарки ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҷомеаи тоҷик буд, ки мо ба шарофати он ба дарёфти оштии миллӣ ва сулҳу салоҳ, ризоят, оромиву осудагӣ, озодии баён ва эътиқод, чандандешӣ, низоми бисёрҳизбӣ, таъсиси ниҳодҳои демократӣ ва шаҳрвандӣ рӯ овардем”,- мегӯяд Абдунабӣ Сатторзода.

“Умуман сулҳе, ки дар Тоҷикистон бо душвориҳои зиёд, бар ивази хуни ҳазорон ҳамватанони мо ба даст омадааст, дар миқиёси умумиҷаҳонӣ руйдоди беназир ва намунаи ҳалли мухолифат ва низоъҳои миллию хонаводагӣ, ки имрўз дар гўшаву канори гуногуни олам ба назар мерасанд, эътироф шудааст”,- мегӯяд полковники мустаъфӣ Хайрулло Ҳайдаров, ки узви Комиссияи оштии миллӣ буд.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, барои он ки аз таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон сабақҳои даркорӣ гирифта бошем ва дигар ба иштибоҳоте, ки солҳои 1990-ум карда будем, роҳ надиҳем, онро бояд ҳамаҷониба омӯхт ва дар мактабу донишгоҳҳо омӯзонд.

О. СОҲИБЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.