“Роғун” машъалафрӯз ва бинои ваҳдати мост (видео+инфографика)

“Роғун” воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ҷомеаи муосир дар давраи ҷаҳонишавӣ қарор дорад ва табиист, ки Тоҷикистон низ аз ин раванд дар канор буда наметавонад. Афзоиши аҳолӣ, рушди корхонаҳои саноатӣ, зиёд шудани шаҳру кӯчаҳои чароғон боиси баландшавии талабот ба электроэнергия мегарданд. Манбаи асосии энергияи электрӣ дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои обӣ мебошанд. Гидроэнергетикаи Тоҷикистон гиреҳҳои печидаи зиёд дорад. Олимону коршиносон нерӯгоҳи “Роғун”-ро сарчашмаи комёбиҳои халқи тоҷик шуморида, аз назари онҳо танҳо ба туфайли бунёди он метавон истиқлолии воқеии Тоҷикистонро таъмин намуд. Аз андешаи мазкур бармеояд, ки ба туфайли таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин нерӯгоҳ рушди соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон ба марҳилаи нав ворид мегардад.

Муҳаққиқи машҳур Ферсман чунин мегӯяд: “Тоҷикистон гиреҳи проблемаҳои на танҳо Осиёи Миёна, балки тамоми қитъаи Осиё мебошад”. Аз ин рӯ, бунёди “Роғун” на танҳо ба миллати тоҷик, балки ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон манфиатбахш аст.

9-уми сентябри соли 1991. Ин санаи таърихӣ ба ҳамагон шинос аст. Ватанамон соҳибистиқлол гардида, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва соҳибихтиёр арзи ҳастӣ кард.

Мо тавонистем баъди зиёда аз 1000 сол соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мавқеи худро дарёбем. Барои миллати азияткашидаи тоҷик ин сана хеле нодиру фараҳбахш буд. Дар тӯли соҳибистиқлолии хеш халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардид. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, нерӯгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калон, биноҳои баландошёна маҳсули заҳмату меҳнати сокинони ин мардуми биҳиштӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару куҳсор аст ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконияти бузурги энергетикӣ метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя соҳиби 55% захираҳои обӣ аст, ки Президенти кишвар дуруст қайд менамоянд: “Аз ин неъматҳои Худованд бояд оқилонаю сарфакорона истифода кард”.

Халқи сарҷамъ ва матинирода

Бунёди “Роғун” ҳанӯз аз солҳои собиқ Ҳукумати Шӯравӣ оғоз ёфта буд. Вале бо сабабҳои зиёд ва монеаҳои мухталиф ҷараёни сохтмони он хеле тӯл кашид ва аз ин рӯ, НБО-и «Роғун» дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ифтихори миллии мардуми “ташнаи барқ”-и Тоҷикистон табдил ёфт. Чунки пас аз пош хӯрдани собиқ ИҶШС яке аз мушкилоти асосӣ норасоии нерӯи барқ буд. Бинобар ин, НБО-и «Роғун» иншооти ҳаётан муҳими стратегии кишвар ва бузургтарин нерӯгоҳи барқии обии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт.

Баъзе аз мутахассисону коршиносони байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ медоданд, ки бунёди ин иншооти муҳимро хатар унвон карда, ҷараёни корҳои сохтмонии онро манъ намоянд. Вале ин ҳама бадбиниҳову ҳасад пеши роҳи якдилию сарҷамъӣ, матонату устуворӣ ва садоқату ҷасорати Пешвои миллат, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи якдилро гирифта натавонист. Зеро миллати куҳанбунёди тоҷик аз қадимулайём ҳамчун халқи тамаддунофар, сарҷамъ, фарҳангпарвар ва матинирода буда, фарзонафарзадони он на танҳо барои пешрафти ватани худ, балки барои рушди тамоми минтақа саҳми назаррас гузоштаанд.

Бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург

Бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии Академияи илмҳо ва Ҳукумати марказии Иттиҳоди Шӯравӣ таҳти роҳбарии академик Горбунов Николай Петрович соли 1932 экспедитсияи калони илмӣ барои омӯзиши захираҳои иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ ва маъданҳои ҷумҳурӣ ва ҳамчунин таъриху адабиёти тоҷик ва ҷуғрофияи минтақа ташкил шуд, ки ба ҳайати он олимону мутахассисони соҳибтаҷриба шомил гардиданд.

Гуруҳи он таҳти роҳбарии олим ва мутахассиси соҳа Караулов Николай Александрович ба омӯзиши захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон шуруъ намуд. Аз ҷониби ин дастаи олимону муҳандисон харитаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон таҳия гардид, ки дар он 58 нуқта барои бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузурги обӣ нишон дода шуд. Зимни омӯзиш тасдиқ гардид, ки Тоҷикистон воқеан кишвари куҳистони дорои захираҳои обӣ мебошад, ки барои рушди гидроэнергетика буда, метавонад барои пешрафту тараққиёт саҳм гузорад.

Ҳамин тариқ, солҳои 1936-1937 татбиқи саноатии як қатор лоиҳаҳои хурду миёнаи гидроэнергетикӣ оғоз ёфт. Нахустин иншооти барои он давра калони гидроэнергетикӣ, ки бо иқтидори 7,15 мегаватт ба кор даромад, нерӯгоҳи Варзоб буд. Соли 1941 навбати аввал ва соли 1945 навбати дуюм нерӯгоҳи обии Хоруғ ба кор дароварда шуд. Соли 1949 бошад, навбати дуюми нерӯгоҳи обии Варзоб (14,5 мегаватт) ва соли 1952 навбати сеюми он (3,5 мегаватт) ба кор даромад. Дар ҳамин давра сохтмони нерӯгоҳҳои Сарбанд, Шаршара ва Марказӣ дар болои рӯди Вахш ва як қатор нерӯгоҳҳои хурд дар Куҳистони Бадахшон оғоз ёфт. Соли 1957 агрегати якуми нерӯгоҳи Қайроққум ба кор даромад. Соли 1979 бошад, нерӯгоҳи обии Норак пурра ба истифода дода шуд. Нерӯгоҳи “Норак” бо ҳама бузургияш наметавонист талаботи мардумро қонеъ гардонад. Аз ин рӯ, солҳои 70-ум омодасозии идеяи  бунёди “Роғун” оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти хеле мураккаб роҳбариро ба уҳда дошт. Бесарусомониҳо пеши роҳи ин нақшаҳоро гирифта наметавонистанд. Маҳз кӯшишҳои хирадмандонаи Пешвои миллат боис гардид, ки чандин нерӯгоҳҳои хурду бузург бунёд гардида, ба истифода дода шаванд. НБО-и “Сангтӯда-1” ва даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду миёна, идомаи босуръати корҳо дар НБО-и “Сангтӯда-2” низ наметавонанд ин проблемаро ба пуррагӣ аз байн баранд. Бо вуҷуди ин дар мавсими зимистон танқисии барқ байни аҳолии кишвар, хусусан деҳаҳои дурдаст дида мешавад. Аз ин рӯ, роҳи ягонаи наҷот сохтани НБО-и калонтарини “Роғун” аст.

НБО-и “Роғун” — кохи нур ва равзанае ба ояндаи дурахшон

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иншооти ҳаётан муҳими стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, зеро баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии нерӯи барқ гардид. Маҳз чунин мушкилӣ Пешвои миллатро ба ташвиш овард ва то ҳол барои амалӣ намудани ин нақша ҷаҳд намуда истодаанд.

Муҳаққиқи хориҷа Лестер Браун чунин менигорад: “Наслҳои собиқ доимо ғами ояндагонро мехӯранд, лекин мо нахустин наслем, ки оянда дар замин маскун гаштани насли баъдинаро ҳал мекунем”.

Ташаббусҳои созанда, иқдомҳои наҷиби ҳар фарди баору номус, ватандӯст бобати саҳмгирӣ дар бунёди нерӯгоҳ имрӯз ба натиҷаҳои назаррас боис шуда истодааст.

Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки дар деҳаҳо низ назар ба солҳои пешин интиқоли нерӯи барқ нисбатан беҳтар гардидааст.

Тоҷикистониён фардои дурахшони худро аз бунёди НБО-и “Роғун” вобаста медонанд. Кӯшишҳои Пешвои миллат низ дар ин самт беҳуда нест. Баъди пурра бунёд гаштани “Роғун” мо метавонем ба “Иқтисодиёти сабз” мушарраф гардем. Яке аз кафолати зиндагии шоиста ва осоиштаи мардум маҳз аз бунёди “Роғун” вобастагӣ дорад.

Ман ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор аз Истиқлоли кишвар дорам ва ба ояндаи дурахшону бунёди пурраи ин нерӯгоҳи бузург боварӣ дорам. Маҳз бо ҳамин васила Тоҷикистони азизи мо дар радифи давлатҳои мутараққии ҷаҳон қарор мегирад. Зеро ба Тоҷикистон шахсияте роҳбарӣ ва роҳнамоӣ менамояд, ки ҳамагон ӯро Пешвои муаззами худ медонанд ва сиёсати дохилӣ ва хориҷиашро якдилона дастгирӣ менамоянд.

Вожаи “Роғун”-ро дар луғатномаҳои гуногун ҷустуҷӯ намудам. Бархе аз номшиносон бар он назаранд, ки калимаи мазкур аз решаи “Роғ” гирифта шудааст. Он дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба ду маънӣ омадааст: 1). Шикофи байни ду табақаи дар; 2). Домани фарохи сабзу хуррами куҳ ё марғзор. Ин вожа дар “Ғиёсуллуғот” маънои саҳрои доманаи куҳ ё марғзорро ифода мекунад. Дар “Энсиклопедияи советии тоҷик” бошад, он ба маънои мавзеи зебоманзар, доманфарох, дарахтзор ташреҳ ёфтааст. Аз ин маълум мешавад, ки ин истилоҳ дар забони тоҷикӣ маъниҳои зиёде дорад.

Хулоса, “Роғун” роҳи ободӣ ва умеди неки мардуми тоҷик мебошад. Рӯзе мерасад, ки ин минтақа ҳамчун рамзи зиндагӣ хизмат менамояд. Бунёди ин иншооти муҳиму тақдирсоз мақсади на фақат созандагони он, балки ормони баланди тамоми миллати тоҷикистонӣ аст, зеро бунёди НБО-и “Роғун” бунёди миллати мо, Ватани мо, ояндаи мо ва худи мост!

Маҳноза ТӮХТАЕВА,

докторанти кафедраи рӯзноманигории

МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.