“Роғун”-ро нангу номус бунёд месозад

Бунёди НБО-и “Роғун” орзую омоли халқи тамаддунофари тоҷик буд ва имрӯз ин орзу, ки ба куҳи фатҳнопазир шабоҳат дошт, ҷомаи сабз ба бар мекунад.

Ин нерӯгоҳ парвардаи афкор (идея)-и кулли мардуми сарбаланди тоҷик бо роҳбарию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад. Созандагӣ яке аз идеяҳои миллии тоҷикон аст ва сохтмони “Роғун”-ро дар ин замина метавон идомаи мантиқии ин идея номид.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ сохтмони НБО бинобар вазъи ноороми ҷумҳурӣ қатъ карда шуд, ҳарчанд дар ҳолати соли 1993 аллакай баландии сад ба 40 метр расида, масофаи нақбҳои кандашуда 21 километрро ташкил медод. Ҳамзамон, ҳаҷми корҳои баанҷомрасида дар толори мошинҳо ба 70% ва толори трансформаторӣ ба 80% расонида шуда буд. Дар натиҷаи офати табиии 8-уми майи соли 1993 қисмати болоии сохтмон зери обхезӣ монда, нақбҳо ва толори мошинӣ қисман хароб шуд.

Бо гузашти солҳо сохтмон дар ин мавзеъ ба кундӣ пеш мерафт, аммо бо азму талошҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2008 инҷониб сохтмони нерӯгоҳ аз нав оғоз гардид. Ҳоло корҳои сохтмонӣ хеле босуръат идома дошта, солҳои наздик умеди ягонаи мардум, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ амалӣ мегардад. 

Мавриди ёдоварист, ки 16-уми ноябри соли 2018 дар таърихи рангину пурмуҳтавои халқи тоҷик саҳифаи наве кушода шуд. Дар ин рӯзи таърихӣ аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегат (чарх)-и якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба кор дароварда шуд, ки хурсандии мардумро ҳадду канор набуд.

Воқеан, “Роғун” на танҳо манбаи гармию рӯшноӣ, балки омили муҳими ба кор андохтани садҳо корхонаҳо, иншооти иҷтимоӣ, марказҳои илмию тадқиқотӣ, муҳайё сохтани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Эҳёи дубораи ин сохтмони аср аз корҳои бунёдкориву созандагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Ба таъбири дигар, давлати муқтадири шӯравӣ бо буҷаву сарвати тавонояш ин нерӯгоҳро сохта натавонист ва акнун бо матонату заковати Сарвари давлат ва халқи дар атрофи Пешво муттаҳид ин сохтмони беназир анҷом ёфта истодааст. Ин нерӯгоҳро на қудрату сарват, балки нангу номус бунёд месозад. Нангу номуси як миллат ва Пешвои он, ки маҳбуби ҷаҳониёнанд.

Н. А. АБДУЛМУМИНЗОДА,

Б. А. НАБИЕВ, устодони ДМТ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.