Роҳкиро ба арзоншавии сӯзишворӣ вобаста нест
Дар нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт, ки имрӯз, 1-уми феврал баргузор гардид, оид ба нархи сӯзишворӣ сухан гуфта шуд.
Азим Иброҳим — вазири нақлиёт ишора кард, ки гарчанде сӯзишворӣ арзон шуда бошад ҳам, арзиши хизматрасонӣ ва қимати қисмҳои эҳтиётӣ хело гарон аст.
Зикр гардид, ки роҳкироро Оҷонсии зиддиинҳисорӣ дар якҷоягӣ бо муассисаҳои дахлдор муайян мекунад.
Ҳарчанд маводи сӯзишворӣ арзон шуда бошад ҳам, аммо роҳкиро ҳамоно гарон аст. Сокинон ҳам аз гарон будани роҳкиро шикоят мекунанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр менависанд.
Шарҳ