Энсо Фернандес

Рекорди “рекордӣ” дар таърихи “Премер-Лига»-и Англия

Бо имзои нимҳимоятгари аргентинӣ Энсо Фернандес “Челси” ба “Бенфика” 121 миллион евро пардохт мекунад. Ин маблағ дар таърихи “Премер-Лига”-и Англия рекорди “рекордӣ” хоҳад буд.

Рекорди қаблии гаронарзиштарин трансфер ба “Манчестер Сити” буд, ки соли 2021 барои Ҷек Гриалиш 100 миллион фунт пардохт карда буд.

Энсо Фернандес кайҳо боз як нимҳимоятгари дараҷаи олиро муаррифӣ кард ва дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар беҳтарин бозигари ҷавон дар чемпионати ҷаҳон эътироф гардид. Дар мавсими ҷорӣ нимҳимоятгар дар 17 бозии чемпионати Португалия ширкат карда, 1 гол ва 5 партофти головар задааст. Дар Лигаи чемпионҳо бошад, 2 голро ба номи хуб сабт кардааст.

Интиқоли аргентинӣ ба “Челси” бузургтарин харид дар таърихи футболи Англия буд, ки шартнома миёни онҳо то тобистони соли 2031 ба тасвиб расид.

Энсо ҳаштумин хариду фурӯши «Челси» дар равзанаи трансфери моҳи январ аст. Дар маҷмуъ, клуб таҳти сарварии соҳибони нав бо роҳбарии Тодд Боули аллакай 16 интиқолро анҷом додааст.

СУМАН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *