Роҳзани пуртаҷриба бо тахаллуси «Фат» дастгир шуд
Хадамоти матбуоти ВКД аз дастгир шудани як нафар роҳзани пуртаҷрибаи мусаллаҳ хабар дод.
Тибқи маълумоти ВКД ин марди 49-сола сокин шаҳри Ҳисор буда, бо тахаллуси «Фат» машҳур будааст. Номбурда пештар ҳам бо содир кардани ҷинояти роҳзанӣ ва қочоқи маводи мухаддир солҳои 2002-2013 дар Тоҷикистон ва Русия суд шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҷинояткор 24 сол пеш, 15-уми ноябри соли 1999, бо ҳамроҳии дигар аъзои ҷинояткори худ марди 46-солаи сокини ноҳияи Ёвон бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ шуда, бо мақсади роҳзанӣ ғайриқонунӣ вориди хонаи истиқоматии зани 59-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, бо таҳдиди зӯроварӣ аз онҷо 1 адад «видеомагнитофон», 1 адад куртаи чармин, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, 1 адад дарзмоли тамғаи «Финикс»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Манбаъ зарари расонидашударо 1 миллиону 710 ҳазор рубли русӣ таъин кардааст. Нисбати гумонбаршаванда тибқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Шарҳ