Роҳила Ёр — Афғонистон — Олмон

Вафо…

То шудӣ ошиқи ман, аз назарат афтодам,

Гиря кардию ман аз чашми тарат афтодам.

Кӯч кардӣ, дилам афсурд зи беҳудагиям,

Ҳамчу гарди сари мӯе зи сарат афтодам.

Бол бикшодаму парвоз ба ман даст надод,

Ту паридию ман аз болу парат афтодам.

Чӣ қадар фосила афтод миёни ману ту,

Чӣ қадар бехабар аз давру барат афтодам.

Он қадар ғофил аз аҳволи мани хаста шудӣ,

Ки чунин аз назари номабарат афтодам.

***

 Эй ҷони ҷон…

Бигзару дар ҳарими дил, ранҷа қадам дубора кун,

Об бар оташам мазан, сӯхтанам назора кун.

Даст бикаш ба мӯйи ман, эй ҳама орзуи ман,

Мазраи сабзи синаро шуълавар аз шарора кун.

Васл наҷўям аз шабат, ишқ набўям аз лабат,

То ба саҳар варақ бизан, захми дилам шумора кун.

Гӯш бидеҳ ба нойи дил, молики дил, худои дил,

Теша мазан ба пойи дил, балки ҳисор пора кун.

Шиква аз ин ҳаво макун, ҷуз дари ишқ во макун,

Дасти маро раҳо макун, роҳ намову чора кун.

Ҳеҷ намонда чораам аз шаби беситораам,

Ташнаи як ишораам, боз биё, ишора кун.

***

Сукут  

Нойи носанҷидаам сар мезанад сомонаро,

Шеъри бепарвои ман май медиҳад майхонаро.

Гиряро бо хандаи риндона расво мекунам,

Мезанам бар ҷоми шеъри ошиқӣ паймонаро.

Вожаи озодагӣ хуни диламро мемакад,

Мебарад бо мисраи осӣ дили фарзонаро.

Бо нидои ошиқӣ посух намегӯяд касе,

Мезанад имшаб дилам дарвозаҳои хонаро.

Сахт бетобам, таҳаммул кун маро то бомдод,

Мебарам аз кўи ту фардо дили девонаро.

راحله یار- آلمان- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *